Шукур ХОЛМИРЗОЕВ
(Ҳикоя)
Рӯзи дигар чашмонамон равшанӣ ёфта, ба чидани пахта баромадем.
Дар қафои кулба, ҷойе, ки чой меҷӯшонданд, як саҳрои беҳудуд дорем ва дар ҳамон ҷо мо пахта мечинем. Ҳар ҷо-ҳар ҷо хурд-хурд шипангҳо низ намудор буданд. Заминаш заҳ, деворҳояш ҷой-ҷой афтода ва дар атрофаш ғарами хок мавҷуд буд, ки рӯйи он пайи каламушҳо ба назар мерасид.
Мо баъзан дар ҳамин гуна кулбачаҳо даромада, дам мегирифтем.
Ман, ман худам дар чунин ҷойҳо гашту гузорро нағз медидам. Албатта, аз шафати чунин шипончаҳо як наҳрак об ҳам мегузашт, дар соҳилҳои он анбӯҳ шуда, қамиш қад қашидааст, дар миёни қамишзорон, албатта, турфа хорҳо ба ранги сурху зард рӯйидаанд ва бинандаи яккаву ягонаи онҳо ҳам мо будем.
Гоҳо пеши роҳ аз дохили ҷӯякҳо палаки тарбузу харбуза мебаромаданд. Албатта, ҳосили норасидаашон ягон-ягон пайдо мегашт. Агар онҳоро дар ҳамон ҷо кафондаву бихӯред, оҳ... мазаашон гӯё гулӯро мегирифт. Э, азизи ман, шояд ба банда – ба як донишҷӯйи фақир чунин намудор гаштагист! Набошад, ҳамон тарбуз ё харбузаи норасидаи дарунаш рехта чӣ ширинӣ дорад? Одам ин хел инҷиқ намешавад: бояд ба будаш қаноат бикунад...
Ба худатон маълум аст, ки дар мавсими пахтачинӣ шикаматон чун шикамбаи барра сер нахоҳад шуд. Як пора гӯшту миқдоре макарон андохтаву як шӯрбои шур-шури омодашуда дилгиратон мекунад: раҳмат.
Ҳоло бадгӯйӣ алайҳи пахта ва меҳнати тоқатфарсои онро ба машаққати сахттарини олам шабеҳ донистан мӯд гаштааст. Ба як ҳисоб, дар ҳақиқат, чунин аст. Вале романтикаи гоҳи пахтачинӣ..!
Субҳи солеҳонашро ба ёд оваред! Боз хоки намкашидаи роҳҳояшро. Ба як садди заррине мубаддал гаштани чанги дар дуриҳо – аз аробароҳ бархоста ва ба анвори уфуқ омехтаро тасаввур кунед! Бар замми ин, дар ҳамон вақт аз дил хоҳед гузаронд, ки: «Аз ҳама кори бузургро ман карда истодаам! Барои ифтихори миллии ӯзбек мубориза бурда истодаам!» Як рафиқатон бозингарӣ кардаву камтар пахта бичинад, эҳҳа... ба чашмонатон чун душман ҷилвагар мегардид...
Агар бубинед, ки як зебосанам, духтараки аҷаб нозуке ангуштони бирешимвор мулоими худро дар ғӯза хуншор карда ва бо докае бастааст: «Э, духтараки шаҳрӣ! Сояпарварӣ-дия, сояпарвар!» – гуфта, дар дил дашном медодед!
Бале, аввало худам дар бораи худам ҳарф мезанам! Ё ҳикояамро қатъ кунам? Майлатон...
Расвову шӯлапо шуда ниҳоят базӯр ба хобгоҳ расидам. Фардо бояд боз каллаи саҳар аз хоб хеста, ба пахтачинӣ баромадан лозим. Барф, борон дар назди пахта ба пашизе намеарзанд: «копейка»!
Либосҳоямро шуста ва ба бухорӣ дошта, каму беш хушк кардам. Баъд ба маслиҳати як рафиқи доно: «даруни ҷогаҳ хушк мешавад» гуфта, даромада хоб рафтам. Фардо боз ҳам шармандагӣ...
– Хеле нозук будаед, шоир, – гуфт Ӯрмонако.
Дар ҳамон замонҳо одамони нозуку хаёлпарастро «шоир» ном бурдан расм шуда буд. Мегӯянд, ки аз кадомин як ходими матбуот баромадааст ин гап... Дар гурӯҳи таъриху археологияи мо ҳам донишҷӯёне буданд, ки бо матбуот ҳамкорӣ мекарданд. Камина низ ба суханҳои марбут ба матбуот завқи баланд доштам.
Ман воқеаи ҳангоми бозгашт аз хобгоҳи духтарон ба лой жӯлидани худро ҳикоят карда истода будам, ки акои Азимҷон танбеҳ дод:
– Ҷудошударо хирс хӯрад, ҷудокардаро – гург! Шумо хапакак рафтед! Мо хеле ҷустематон.
– Э, худи вай манзил...
Сафарбой – ҳамон ҷавони қароқалпоқ ба ман наздик шуд. Кӣ донад? – шояд баъзе қавмҳои Сурхонро ба худаш қариб мегирад, гуфта андеша доштам. Акнун, ин чизро нағз медонем... Бинобар ин, дӯсту як навъ ҳамфикр ҳам будем. Ҳамин шербача:
– Ту пахтачинӣ набаро, ман бароят ду доман пахта чида медиҳам, – гуфт.
Ду доман пахта – ин як ҷаҳон меҳнат! Ин камаш ду-се ҳазор бор хамурост шудан аст. Боз чӣ қадар машаққат дорад... Дилам аз фараҳ пур шуда, надонистам, ки барояш чӣ хел арзи сипос намоям. Сарам чарх мезад ва дарунам гӯё месӯхту месӯхт. Акои Азимҷон ҳам ба ҷабини ман даст монда:
– Набаро. Мумкин нест. Ҷон ҳам лозим, охир, – гуфт. Нигаред, одамон чӣ хел реалист ҳастанд.
Мондам. Бачаҳо рафтанд. Ба бемори дар хона монда шарт ин буд: инсӯ-онсӯро бояд рӯфта тоза бикунад. Якбора халос шавам гуфта, хонаро рӯфтам. Айвонро низ тоза кардам. Партовро ба қафои хона гузарондаву баргаштанӣ будам, ки як манзараро дидам.
Дар гӯшаи пали ҷуворӣ, дар паноҳи ҷорӯби худрӯ як бачаяк дастонашро ба зонувонаш тирак гузошта, ба он тараф менигарист. Дар он сӯ бошад, дар болои коҳи дар таки похсадевор рехташуда як саги зарде хоб буд.
Ман ҳам шавқманд ба назди писарак омадам. Аммо саг мингос зада, аз ҷой баланд шуд ва бо як хез аз девор гузашта, он сӯ парид. Пас аз фурсате мушт барин сагбачаро ба даҳон газида, дубора ҷаста ба тарафи мо гузашт. Ба замин гузошта хуб лесид. Боз хоб рафт.
–Шавқовар-а? – гуфтам.
Писарак як қад парид. Сару рӯяш чиркин, як гӯши телпакаш ба пешониаш овезон буд.
–Ҳа, – гуфт вай ба ташвиш афтода. – Ин ҷо кӯча, бачаҳо гирифта мераванд... Ман бачаашро ба ҳавлӣ гирифта дарорам, вай ба лонааш меорад. Он ҷой магар хуб нест?
Ман мутаассир гаштам.
– Чӣ ҳам набошад, хонаи худаш-дия... Ту писари кистӣ?
Одамизод махлуқи аҷоиб-а? Бигӯед, ки писари кӣ будани вай ба ман чӣ аҳамият дошт?
– Ботур чӯпон, – гуфт.
– Ҳа–а, орден дорад-а?
– Не, – вай ғамгин оҳ кашид. – Эшимбой орден дорад. Лекин гӯсфандаш кам...
Ана, бачаҳои наврас ҳам ҳамон «махинатсияҳоро» медонанд.
– Хайр, зиён надорад, – гуфтам. – Падари ту ҳам мегирад. Ботурбой – чӯпони зӯр! Хонаатон дар паси ҳамин девор аст?
– Е-э! – гуфт вай гӯё аз болои ман хандида. – О мана! Вақте падарам ба шумо ангури сагакро медод, ман аз тиреза нигоҳ карда истода будам... Боз лозим аст? Чашмонатон пури об!
– Не. Ангури сагак ҳаст, – гуфтам. – Бародаронат ҳам ҳастанд?
– Укочаам мурд. Момодоя гуфт, ки чала таваллуд шудааст. Мурд. Гӯр карда, омадем. Хурдакак буд.
– Афсӯс, – гуфтам.
Аз замоне, ки омадаву дар ҳамин макон ҷойгир шудем, шароити зист, ба шину хези он марду зан низ чашмам меафтод: зан ҳанӯз субҳ надамида, аз хоб бедор мешуд ва гов медӯшид, шавҳари худро гусел мекард, баъд гилем мебофт... Чун рӯз баланд мегашт, ба тарафи муқобили ҷӯйбор гузашта, ба пахтазор медаромад ва то дами бегоҳ як ҷуволро пур карда мемонд. Шабона низ то дер гоҳ аз тирезаи ягонаи кулбаи онҳо ба қади ҷӯйбор як панҷа равшанӣ мефаромад.
Акои Ӯрмону Азимҷон ва боз чандин бачаи дигар аз хони онҳо чой нӯшидаанд, якбору дубор ба хӯрокашон ҳам шарик шудаанд. Ҳамин чизҳоро фикр карда: «Кораш душвор, барои ҳамин бача партофтагист» гуфта, аз дил гузаронидам.
Оё медонед, эй қадрдон, чашмонамон ҳарчанд кушода, аммо оҷиз будаем мо: шумо ҳам дар чунин кулбаҳои ғарибона зиндагӣ кардани деҳқони пахтакорро дидаед. Албатта... Аммо инро тан намегирефтем-а? Чӣ хел аблаҳ будаем!
Тавба, аз эътирофи инҳо шарм медоштем. Аз баъзеҳо ҳам пинҳон мекардем. Истед як дам, саросема нашавед, ин ҷо як гап ҳаст: ин чиз – танҳо аз тарс гуфта, андеша мекунед? Гумон дорам. Бечора ӯзбекро медонед-ку: худ нахӯрда, ба пеши меҳмон мегузорад...
Фақирии худро пинҳон медорад. Аҷоиб-а? Ҳол он ки одами камбағал фардест, ки ба ҳолати худ одат кардааст. Пинҳон намедорад. Мардуми мо чаро ки... Гӯё бадавлате буду якбора ба камбағале мубаддал гаштааст: бинобар ин ба ман чунин намудор мегардад, ки гӯё ин ҳамаро бо изтироб пинҳон мекарда бошад... Балки боз сабабҳое дорад, ки ақли мо намегирад?
Номи писарак Абдуқодир будааст.
– Ба саг нарас, – гуфтам. – Ба ту хонаи худат маъқул, ба вай ҷойи будубоши худаш.
– Аз ин ҷо бачаҳои ганда дуздида мебаранд. Мефурӯшанд, – гуфт Абдуқодир.
– Ба кӣ мефурӯшанд?
– Мефурӯшанд-да... Як кариси иҷорачӣ шаш сагро харида бурд.
– Оё мехонӣ?
– Дар синфи панҷум... Пас аз зӯҳр ба мактаб меравем. Ҳо-о баъдтар ғӯза мечинем.
– Хониш чӣ мешавад?
– Қатъ мегардад! – гуфта хандид ӯ. – Аз соли оянда ба пахтачинӣ мебароем!.. Ман ҳоло низ пахта мечинам. Барои апаам... Китоб? Мехонам. «Робинзон Крузо» ҳаст. Як духтур монда рафта буд. Соли гузашта... Барои муоинаи додарчаам омада буд... Ман гиристам. Баъд, ҳамин китобро дода буд. Китоби нағз!
Дӯсти ман, банда низ ҳамин китобро дар синни ин писарак мутолиа карда будам. Шумо ҳам... Ҳаёту сарнавишти мо чӣ қадар наздик-а?
Ҳикоятам дароз шуд? Саросема ба куҷо ҳам меравед, қадрдон? Гоҳо аз таҳти дил гап задаву фикр кардан ҳам лозим аст? Ҳамон дамҳоро дубора зиндагӣ карда-а? Он хотираҳо дили одамро тоза мекунанд. Бидуни ин ҳам ба фисқу фуҷур, кирдори нолоиқу кони зиён пур шудааст ин сина... Марҳамат, гиред, аз сигор бикашед.
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи озоди Шариф ХАЛИЛ.