Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ноҳияи Оққӯрғони вилояти Тошканд бо истифода аз энергияи офтоб сохтори нави обёрии қатравиро ба кор андохт.
Навъе маълум, дар масъалаи обёрӣ дар қисми зиёди майдонҳои кишт мушкилот мавҷуд. Аҳолие низ, ки дар қитъаи наздиҳавлӣ кишоварзӣ мекунад, дар ин масъала душворӣ мекашад. Камобӣ имкон намедиҳад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.
Дар ноҳияи Оққӯрғон чунин ҳолат боз ҳам ногувортар ба чашм мерасад. Бинобар ин, барои обёрии қатравӣ маҳз ҳамин ноҳия интихоб гашт. Насосҳои обие, ки дар шакли вертикалӣ аз 180 метр чуқурӣ об мекашанд, аз панелҳои офтобӣ қувват мегиранд.
Дар натиҷаи обёрии қатравӣ сарфа шудани 60 фоиз об исбот шудааст.
Назар ба таъкиди роҳбари шуъбаи ҳамкории намояндагии ИА дар Ӯзбекистон Вим Риэп: «Сохтори обёрии қатравии бо энергияи офтоб коркунанда нафақат норасоии обро дар кишоварзӣ бартараф месозад, айни замон ба кишоварзии барқарор дар Ӯзбекистон роҳ мекушояд».
Дар маросими кушоиш ҷонишини аввали вазири кишоварзӣ Тимур Бутунбоев, ҳокими ноҳияи Оққӯрғон Тӯра Боболов, ходимони Институти илмӣ-тадқиқотии ирригатсия ва мушкилоти об иштирок намуданд.
М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».