Дар шаҳри Қаршӣ озмуни ҷумҳуравии «Беҳтарин лоиҳа барои тараққиёти маҳалла» дар миқёси вилояи Қашқадарё ҷамъбаст ва маросими тақдими ҷоизаҳо ба се ғолиби он ба таври мутантан доир гардид.
Дар чорабинии мазкур соҳибкороне ширкат варзиданд, ки дар зинаи ноҳиявии озмун ғолиб омада буданд. Дар зинаи вилоятии озмун 61 соҳибкор аз навоҳии Қашқадарё ба тариқи онлайн сабти ном шуда, бо беҳтарин лоиҳаҳои худ вориди сабқат гаштанд. Озмуни «Беҳтарин лоиҳа барои тараққиёти маҳалла» хеле хотирмон гузашт ва ҳайати доварон ба кори соҳибкорон баҳои мунсифона дода, соҳибони се лоиҳаро, ки ояндаи нек ва дурахшон доштанд, ғолиб донистанд.
Бояд таъкид кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳа барои тараққиёти маҳалла» аз ҷониби Бонки саҳҳомии «Рушди тиҷорат» ва Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ба шарафи 33-юмин солгарди Истиқлоли Ватан роҳандозӣ шуда, барои рӯйиоб овардани истеъдодҳои дурахшон саҳми босазое мегузорад. Ба туфайли ин озмун беҳтарин лоиҳаҳои соҳибкорӣ дар маҳаллаҳо аниқ ва фаъолияти соҳибкорони беҳтарин, ки барои рушди иқтисоди Ӯзбекистони Нав ҳиссаи муносиб мегузоранд ва барои коҳиш додани камбизоатӣ мусоидат мекунанд, қадр ва чун намунаи ибрат тарғиб карда мешаванд.
Бояд гуфт, ҷоизадори ҷойи аввал – ҶММ «САХОВАТ –1998» дар ноҳияи Ғузор аз беҳтарин коргоҳҳо ба шумор рафта, дар доираи рушди соҳибкории оилавӣ аз бонки маҳаллӣ 33 миллион сӯм қарзи имтиёзнок ба даст оварда, дар бахши истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ фаъолияти босамар нишон додааст. Ин коргоҳ дар чаҳоряки якуми соли ҷорӣ 32 шахси бекорро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст, ки 3 нафари онҳо дар феҳрасти «Дафтари занон» қарор дошта, 10 бонуи дигар шахсони маълул ҳастанд. Алҳол маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҶММ «Саховат–1998», ки иборат аз либосҳои занонаву мардонаанд, ба тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба фурӯш мераванд
Ғолибон минбаъд неруи худро дар бахши ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин лоиҳа барои тараққиёти маҳалла» хоҳанд санҷид.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.