Ҳоло дар ҷумҳурии мо қариб 4 миллион манзил ҳуҷҷатҳои кадастрӣ надоранд.
Аксарияти онҳо дар баланси заминҳои обёришаванда, ки барои хоҷагии қишлоқ пешбинӣ шудаанд, мебошанд. Бо қарори дахлдори ҳокимият замин барои сохтмони манзил дода шуд, аммо ҳуҷҷати кадастрӣ тартиб дода нашудааст.
Дар натиҷа, аксари сокинон ба манзили зисташон ҳуқуқи моликиятро гирифта натавониста сарсону саргардон мешуданд. Воқеан, дар манзилҳое, ки худсарона сохта шудаанд, ин қадар нофаҳмиҳо ва низоъҳо ба вуҷуд меоянд, ки якчанд сабаб доранд. Пеш аз ҳама, солҳои зиёд барои бо манзили арзон таъмин намудани аҳолӣ ба таври бояду шояд ҷидду ҷаҳд карда намешуд. Масъалаи дар деҳот сохтани биноҳои арзони истиқоматӣ ба эътибор гирифта нашуд.
Сарвари давлатамон дар давраи аввали президентии худ ислоҳотро аз ҳамин нуқтаи дарднок оғоз карда буд. Дар соли 2018 дар доираи чорабинии якдафъаинаи умумимиллӣ, ки бо Фармони Президент сурат гирифт, нисбат ба манзилҳои истиқоматии худсарона сохташудаи беш аз 621 ҳазор нафар шаҳрвандон ҳуқуқи моликият эътироф гардида, ба онҳо ҳуҷҷатҳои кадастр дода шуданд.
Қонуни имзокардаи Президент аз он ҷиҳат муҳим аст, ки он ба ҳалли мушкилоти деринаи шаҳрвандон дар мавриди эътирофи ҳуқуқи онҳо ба қитъаҳои замин ва манзилҳои бунёдшуда, ки бо сабабҳои муайян аз қайди қонунӣ нагузаштаанд, нигаронида шудааст.
Қонуни мазкур эътирофи ҳуқуқ ба амволи ғайриманқулро пешбинӣ мекунад. Тибқи он, то 1 майи соли 2018 нисбат ба қитъаи замине, ки шаҳрвандон ҳангоми сохтани манзил худсарона ишғол намудаанд, инчунин биною иншооти дар он сохташуда ҳуқуқи моликият эътироф карда мешаванд. То ин вақт ба қитъаи замине, ки аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳо зиёда аз майдони дар ҳуҷҷат нишондодашуда ишғол кардаанд, инчунин ба биною иншооте, ки дар он сохта шудаанд, ҳуқуқи амволи ғайриманқул дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки қонуни мазкур ҳамчунин ба амволи ғайриманқул (зиёда аз 126 ҳазор адад) қитъаи замин ва бинову иншооти дар он сохташуда дар доираи «аксияи яквақта» ҳуқуқи моликиятро медиҳад.
Қобили зикр аст, ки бо ин ҳуҷҷат шахсоне, ки дар доираи маъракаи яквақтаи давлатӣ маблағи яквақтаро пурра пардохт кардаанд ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II ҳастанд, озод карда мешаванд. Инчунин, аз шахсоне, ки ба системаи иттилоотии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» дохил карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи маблағи дар қисми якуми моддаи 23 қонун зикргардида маблағи яквақта ситонида мешавад.
Як қатор навигариҳо дар қонуни таърихӣ инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, агар ҳуқуқи иҷора ба қитъаи замине, ки дар он ба тартиби инфиродӣ хона сохта шудааст, то 1 июли соли 1998 гирифта шуда бошад, он дар тамоми ҳудудҳо 0,24 гектарро ташкил медиҳад, агар он аз 1 июли соли 1998 то 1 майи соли 2018 гирифта шуда бошад, дар шаҳрҳои Тошканд, Нуқус ва марказҳои вилоят 0,06 гектар, ҳудудҳои боқимонда бошад, дар ҳаҷми на беш аз 0,12 гектар муайян карда мешавад.
Агар масоҳати воқеии қитъаи замини ишғолкардаи манзили инфиродӣ аз ҳаҷми зикргардида зиёд бошад, ҳуқуқи иҷора барои пешбурди наздиҳавлӣ ё хоҷагии деҳқонӣ дар қисми зиёдатии ишғолшудаи қитъаи замин эътироф карда мешавад, ки боз як навигарии муҳим гардид.
Мутобиқи қонун дар асоси ҷадвали солона қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва бинову иншооти дар онҳо сохташуда марҳила ба марҳила инвентаризатсия карда мешавад. Нақшаи ҷадвал бинобар пешниҳоди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, аз ҷониби агентии кадастр тасдиқ карда, ба ҷомеа эълон карда мешавад.
Мақсади асосии қонуни мазкур танзими муносибатҳои марбут ба эътирофи ҳуқуқ ба қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва биною иншооти дар онҳо сохташуда мебошад. Вақте ки матни ҳуҷҷатро бодиққат мутолиа мекунед, мебинед, ки дар он хоҳиш, орзую умед ва мақсадҳои ҳамватанони мо ифода ёфтааст.
Аз ҷумла, бо ин ҳуҷҷат тартиби мушаххаси эътирофи ҳуқуқ ба қитъаи замин ва биное, ки дар он сохта шудааст, инчунин ҳуқуқи иҷораи қитъаи замини худсарона ишғолшуда, ки дар он манзили хусусӣ сохта шудааст, муайян карда шудааст. Асосҳои қонунии эътирофи ҳуқуқи иҷора ба қитъаи замини аз ҳад зиёд ишғолкардаи шаҳрвандон, қитъаи замини ишғолкардаи манзил дар ҳудуди ширкатҳои боғу токпарварӣ муайян карда шуданд.
Аз ин рӯ, ин қонунро тамоми мардуми мо, соҳибкорон ва мулкдорони мо гарму ҷӯшон истиқбол мекунанд. Сабаб дар он аст, ки чунин хабар адолати таърихиеро, ки соҳибкорони мо солҳои зиёд интизор буданд, амалӣ хоҳад кард. Ба ибораи дигар гӯем, дар истеҳсолот марҳалаи нав дари имкониятҳои навро мекушояд. Ба шарофати ин садҳо ҳазор оилаҳо баракат пайдо карда, садҳо ҳазор ҷойҳои нави кор кушода, сатҳи камбизоатӣ паст мешавад.
Бе муболиға метавон гуфт, ки қонуни мазкур ҳамчун ифодаи амалии ташаббусҳои Сарвари давлатамон ба рӯҳияи мардум таъсири мусбат мерасонад. Шаҳрвандони мо бо хушҳолӣ эътироф мекунанд, ки ин қонун ҳуҷҷати нодир аст ва навгониҳои дар он инъикосшуда ба манфиати аҳолӣ нигаронида шудаанд. Онҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои деринаи худ аз Президент ва мамлакати мо миннатдоранд.
Боварӣ дорам, ки ин санади таърихӣ барои ҳалли одилонаи мушкилоти иҷтимоӣ, ки солҳо боз шаҳрвандони моро ба ташвиш овардааст, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, боварии мардумро ба сиёсати оқилонае, ки дар кишварамон амалӣ мешавад, мустаҳкам хоҳад кард.
Одинахон ОТАХОНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис