Мардуми сарбаланди Самарқанд қарори сарвари давлатамон «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор кардани ҷашни сиюсесолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро бо рӯҳбаландии бузург қабул карданд.
Чорабиниҳои маънавию маърифатӣ дар асоси Барномаи стратегии Ӯзбекистон-2030» ва «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» таҳти ғояи «Танҳо бо ваҳдат – мо халқи ягона, танҳо якҷо – мо кишвари муқтадир!» боз ҳам авҷ гирифт.
Боиси хушнудист, ки Самарқанди куҳан ба яке аз шаҳрҳои зеботарини Шарқ табдил меёбад.
Нигоҳе ба таърих
Агар кас бо ҳавопаймо дар осмони Самарқанд давр занад, шаҳр ба назар чун ҳисори аз се тараф бо кӯҳсор иҳоташуда мерасад. Аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ он дар водии миёнаоби дарёи ҳаётбахши Зарафшон воқеъ буда, аз сатҳи баҳр дар баландии 650 метр ҷойгир аст ва таърихи қариб сеҳазорсола дорад.
Самарқанди қадим, ки ҳоло Афросиёб меноманд, дар самти шимолӣ ҷой гирифта, аз миёнаи ҳазораи якуми то милод то ибтидои асри 13-ум чун маркази маъмурӣ маълуму машҳур буд. Муаррихони юнонӣ пойтахти давлати Суғд Самарқандро Мароқанд, чун шаҳри ободу зебо ситоиш намудаанд. Соли 329-уми то милод истилогари юнонӣ Искандари Мақдунӣ онро забт кард. Суғдҳо бо сарварии марди шуҷоъ Спитамен бар зидди душманони ғаддор муборизаи шадид бурданд, аммо аз сабаби нобаробарии қувваҳо шикаст хӯрданд. Истилогарон ноҳияҳои ободу зебои ин сарзаминро ба харобазор табдил доданд. Сафири Хитой Вей Сзе дар асри ҳафтуми милодӣ вақте Роҳи бузурги абрешим дар ин ҷо ташаккул ёфт, ба ин шаҳр ташриф фармуда навиштааст, ки «Мардуми он ҷо ҳама тоҷирони моҳир, ҳамин, ки бача 5-сола шуд, онро хату савод меомӯзанд, хонданро, ки ёд гирифт, тиҷоратро меомӯзад».
Аз нимаи асри ҳафтум арабҳо бо сарлашкари хилофат Қутайба ибни Муслим шаҳри суғдҳоро забт намуд ва дини исломро бо ҳар роҳ ҷорӣ кунонд.
Бо вуҷуди он илму адаб ривоҷ ёфт. Рашидии Самарқандӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Шатранҷии Самарқандӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ ва дигарон анъанаи Рӯдакии Самарқандиро инкишоф дода, аз худ мероси гаронмоя боқӣ гузоштаанд.
Гул-гулшукуфии Самарқанд дар асрҳои XIV-XV бо номи соҳибқирон Амир Темур вобаста аст. Маҳз ӯ Самарқандро пойтахти давлати худ эълон карда, биноҳои аҷибу нотакрор бунёд намуд. Дар атрофи шаҳр Боғи шамол, Боғи дилкушо, Боғи тилло, Боғи баланд барин 14 боғ доман густурда, то ҳол баъзе аз онҳо арзи вуҷуд доранд. Масалан, дар Боғи баланд то имрӯз анҷирзор вуҷуд дорад, ки аз мевааш самарқандиён ва меҳмонони шаҳр баҳра мебаранд.
Ҳар бадӣ некӣ дорад
Соли 1868 Самарқанд бо ҷангу ҷидол ба империяи бузурги Русияи подшоҳӣ ҳамроҳ шуд. Ҳукумати Русия чанд хонигарии минтақаи мазкурро муттаҳид сохта, ҳавзаи Зарафшонро ташкил кард, ки марказаш Самарқанд буд. Русҳо барои кашондани сарватҳои Осиёи Миёна тавассути Красноводск роҳи оҳан кашиданд, ки онро адиб ва тарҷимон Ҳасан Ирфон (илоҳӣ рӯҳаш шод бод!) дар қиссаи «Ду ёр аз ду диёр» бо маҳорати баланд тасвир кардааст. Тадбиркорони корчаллони рус дар Самарқанд саноатро ривоҷ дода ба бунёди заводҳои пахтатозакунӣ, чармгарӣ, чойқадоқкунӣ, шаробкашӣ, филизот ва ғайра пардохтанд. Барои ёрии тиббӣ ба аҳолии маҳаллӣ низ чанд беморхона ва дорухона сохта шуд. Солҳои 1870-ум аввалин китобхона, осорхона ва дертар нашриёт ташкил ёфт. Маърифатпарвар А.Шакурӣ нахустин мактаби таҳсилаш бо усули навро ташкил кард.
Губернатор Абрамов пас аз сафар ба Фаронса хиёбони аҷибе бунёд намуд, ки ҳоло бо номи хиёбони Донишҷӯён маълум аст. Аз ҳама муҳим, симои шаҳр ҳам ба тадриҷ тағйир ёфта, дар ҷанубу ғарбии Самарқанд шаҳри нав бо биноҳои тарзи сохти аврупоӣ қад афрохтаанд. Маҳз дар «Шаҳри нав» барои русзабонҳо мактабу гимназияҳо ташкил шуд, ки фарзандони аҳолии таҳҷоӣ низ таҳсил мегирифтанд.
Рӯзномаи ҷадидон «Самарқанд» соли 1913 ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва гоҳ-гоҳ ӯзбекӣ интишор меёфт, ки муҳаррири масъул Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ буду котиби масъул Саидризо Ализода. Баъди инқилоби октябр рӯзномаҳои «Ленин йӯли» (ҳоло «Зарафшон»), «Ленинский путь» (ҳоло «Самаркандский вестник») ва аз соли 1924 «Овози тоҷики камбағал» (ҳоло «Овози тоҷик»), нашр шудаанд.
Самарқанд сайқали рӯйи замин аст
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки дар Ӯзбекистони Нав бо сиёсати дурандешона, ҷасорату матонат ва башардӯстии сарвари давлатамон риштаҳои дӯстӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ мустаҳкам мешаванд. Зеро халқи мо дар бобати ҳамҷаворӣ ҳикматҳои фаровон, чун: «Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст» ва ё «Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар» доранд, ки онҳо дар натиҷаи таҷрибаи амалӣ ва омӯхтану андӯхтан пайдо шудаанд.
Боиси хушнудист, ки соли 2018 дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи наве боз шуд ва он дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт ёфт. Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам ва сафари нахустини Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ дарҳои худро ба рӯи мардуми ҳамсоя кушодаанд.
Шахсан мо, самарқандиҳо дар гузаргоҳи Ҷартеппа – Саразм шоҳиди ашки шодии меҳмонону мизбонони тарафайн гардидем.
Ҳоло барои муошират ва рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду мамлакати соҳибистиқлол ҷиҳати дидорбинӣ, саёҳату тиҷорат тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Инчунин дару дарвозаҳо барои дигар кишварҳои олам боз шуданд. Шояд аз ҳамин сабаб ташрифи сайёҳон ба Ӯзбекистон, аз он ҷумла ба Самарқанд хеле афзуд. Танҳо дар шаш моҳи соли равон ба кишвари мо беш аз 3,5 миллион сайёҳ ташриф фармуда, аксарияти онҳо бо тамошои ёдгориҳои меъмории Самарқанд машғуланд. Маҳз бо салоҳдиди Президентамон дар муддати кӯтоҳ маҷмӯаи «Шаҳри абадӣ» бунёд гардид, ки дар ин ҷо анҷуманҳои байналхалқӣ баргузор мегарданд. Ҳоло меҳмонону мизбонон дар «Шаҳри абадӣ» на танҳо истироҳат мекунанд, балки бо таърихи Самарқанд тавассути нусхаҳои ёдгориҳои меъморӣ шинос мешаванд.
Бояд гуфт, ки Президентамон дар соли 2022 «Ташаббуси якдилии Самарқанд дар роҳи бехавфии умумӣ ва фаровонӣ»-ро пешниҳод карда буд, ки ӯ дар Саммити 24-уми роҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Остона баргузор гардид, инро қайд кард. Мазмуну моҳияти он аз роҳандозии мулоқот роҷеъ ба якҷоя ҳал намудани муаммоҳои минтақавӣ ва глобалӣ иборат мебошад, ки ғояи он дар Самарқанд ба вуҷуд омадааст.
Умуман, дар маҷмӯаи «Шаҳри абадӣ» анҷуманҳои бонуфузи байналхалқӣ баргузор мегарданд, ки ин Самарқандро боз ҳам маълуму машҳур мекунад.
Неъмати бебаҳост истиқлол
Бо файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ҳамзистии осоишта марҳила ба марҳила ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят муназзаму босубот роҳ сӯи рушду нумӯъ гирифтаанд ва дар тамоми самтҳо пешрафту пирӯзиҳо мушоҳада мешаванд. Нахуст кирмакпарварон нақшаи ба давлат фурӯхтани пилларо сарбаландона иҷро карданд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки нон бошад, суруд ҳам мешавад. Фермерҳо нисбат ба соли гузашта ба хирман 17 фоиз барзиёд ғалладона рехтанд. Парвариши пахта муташаккилона идома дорад. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд даҳҳо иншооти гуногун, аз қабили корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, меҳмонхона, мағозаҳои савдо, толору майдончаҳои варзишӣ бунёд гардида, таъмири роҳу ободониву сарсабзии кӯчаву маҳаллаҳо авҷ гирифта, мавриди баҳрабардории меҳмонону мизбонон қарор хоҳад гирифт.
– Ман дар Самарқанд хеле дӯстону мухлисон дорам, – иброз дошт ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов. Бовар кунед, шаҳри бостонӣ сол то сол гул-гул шукуфта, боз ҳам пурҷозиба гардидааст. Ба тӯй бо тӯёна мераванд мегӯянд, ки дар арафаи ҷашни истиқлол корҳои ободонӣ касро ба ҳайрат мегузорад. Самарқанд барҳақ симои худро ба куллӣ дигар намуда, ба макони сайёҳон табдил ёфтааст. Дар кӯчаву бозорҳо, атрофи ёдгориҳои меъморӣ фавҷ-фавҷ меҳмонони хориҷӣ. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳри зебои Самарқанд шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Бояд гуфт, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд, корхонаву ташкилотҳо барои муносиб пешвоз гирифтани иди аз ҳама бузург ва азиз тайёрӣ дар авҷ аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.