ҲЕҶ КАС ДАР ЗАМОНИ ДИГАРГУНИҲО НАБОЯД ДАР КАНОР МОНАД

Тибқи қонуни интихобот, ҳизб бояд имзои дастикам 40 000 интихобкунандаро барои ширкат дар интихобот ҷамъоварӣ кунад.

Интихобкунандагон ҳуқуқ доранд, ки ба тарафдории як ё якчанд ҳизби сиёсӣ имзо гузоранд. Ин, дар навбати худ, барои фароҳам овардани шароит ба рақобати солим дар интихобот хидмат мекунад.
Намояндагони Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» ба ҳамин раванд бо камоли масъулият назар мекунанд. Дар ин самт асосан аъзои фаъол, намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, вакилони шӯрои маҳаллӣ, “Боли занон” ва “Боли ҷавонон” ва ҳамватанони ҳамхоҳи ғояву ҳадафҳои ҳизб дар маҳаллаҳо ташкилоту корхонаҳои истеҳсолӣ ҳангоми вохӯрӣ, бо аҳолӣ дар бораи давраи ибтидоии интихобот — рӯйдоди ҷамъоварии имзоҳо маълумот медиҳанд.
Дар ҷараёни имзоҷамъкунӣ, ки Шӯрои Ҷумҳурии Қароқалпоқистони  Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» дар филиали нуқусии Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон ташкил намудааст,  зиёда аз 70 нафар аъзои ҳизб, намояндагони маҳалла ва ҷавонон ба ҷонибдорӣ аз ширкати ин ҳизб дар интихоботи Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шӯроҳои маҳаллӣ имзо гузоштанд. Онҳо таъкид менамоянд, ки  дар замони имрӯзаи ислоҳот, навсозӣ ва дигаргуниҳои таъхирнопазир, ки ҳаёти моро обод мекунад, ҳеч кас набояд дар канор монад.

Довуд АБИБУЛЛАЕВ,  
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: