ДАР РОҲИ БА АМАЛ ТАТБИҚ СОХТАНИ ВАЗИФАҲОИ МУҲИМ

Роҳбари давлатамон 24 майи соли 2024 ба Фармон «Дар бораи минбаъд инкишоф додани масъулияти сохторҳо ва муассисаҳои адлия дар доираи ислоҳоти маъмурӣ ва ташаккул додани низоми идоракунии муҷаз» имзо гузошт.

Ин Фармон барои таъмин намудани риояи ҳуқуқ ва ӯҳдадории шаҳрвандон, беҳтар гардонидани хидматҳои ҳуқуқӣ ва давлатӣ, ки ба онҳо расонида мешавад, дар назди идораҳои адлия вазифаҳои мушаххас гузошт.
Аз ҷумла, баъди имзои ҳуҷҷати мазкур дар назди идораҳои ҳудудии адлия шаш вазифаи муҳим ва асосӣ  ба миён омад, ки бояд онҳоро дар ҷараёни фаъолияти хеш  ба сомон расонем.
Аввалан, барои омӯхтани муаммоҳои аҳолӣ ҳар моҳ дар маҳаллаҳо «Рӯзи адлия»- ро гузаронидан; сониян, ба туфайли хона ба хона гаштан ва баргузор намудани аксияҳои «Кумаки ҳуқуқӣ» бартараф намудани муаммоҳои ҳаёти рӯзмарраи мардум ва бо ин роҳ ба қонунгузорӣ таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ворид сохтан; савум, тавассути платформаи «Online-mahalla» ҳал намудани масъалаҳои марбути ҳуқуқӣ; чаҳорум, таъмин намудани расонидани кӯмаки вомӣ ба аҳолӣ ва ба онҳо додани донишҳои ҳуқуқӣ. Панҷум, ҷавонон, бонувон ва ашхоси ба кумак ниёзмандро аз имтиёзҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ омадааст, саривақт хабардор сохтан ва ба онҳо кӯмаки методӣ расонидан. Ва ахиран, ба ташкилотҳои  ноҳиявию шаҳрӣ ва идораҳои маҳаллаҳо оид ба амалиёти корбурди ҳуқуқи ягона  кӯмаки методӣ расонидан аст.
Имрӯзҳо сохторҳои адлия ҷавобан ба фармони Президент дар маҳаллаҳо чорабиниҳои «Рӯзи адлия»-ро мегузаронад. Баҳри бартараф сохтани мушкилиҳои ҳаёти мардум ба онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад. Бо ҳамкории идораҳои худидоракунӣ барои фарҳанги ҳуқуқии аҳолиро баланд бардоштан чораҳо меандешанд ва ба ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии онҳо мусоидат менамоянд.
Агар дар мисоли ноҳияи Фориш бигӯем, имрӯзҳо бо ташаббуси Садорати адлияи вилояти Ҷиззах марҳила ба марҳила дар ҳамаи ҳудудҳо «Гӯшаи адлия» созмон дода мешавад, ки ҳадафи асосӣ аз ин воқиф сохтани шаҳрвандон аз тағйироту навгониҳои қонунгузории ҷумҳурӣ мебошад.
Дар маҳаллаҳо ходимони адлия, маркази хидматҳои давлатӣ, қайди ҳолатҳои шаҳрвандӣ якҷоя дар як вақт бо аҳолӣ  вохӯрӣ ва қабулҳои сайёр мегузаронанд.
Ба ғайр аз ин дар вилояти Ҷиззах чорабиниҳои «Рӯзи тарғиботи ҳуқуқӣ» тибқи реҷае, ки барои шаш моҳ пешбинӣ шудааст, доир мегарданд. Корҳои тарғиботӣ бо ду роҳ амалӣ мешаванд. Якум, дар идораву ташкилотҳо, дувум, дар бозору хиёбонҳо, ки аҳолӣ он ҷо бештар ҷамъ меоянд, роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Бо мақсади ба аҳолӣ қулаӣ фароҳам овардан алҳол дар маҳаллаи Эгизбулоқ нуқтаи хидматрасонии фосилавӣ бо номи «Инфокиоск» ташкил гардид, ки ин ҷо аҳолӣ аз сӣ намуд хидмат истифода хоҳанд бурд.
Баробари ин ба мактаби мусиқӣ, шуъбаи бо шуғл фарогирии аҳолӣ ва ғайра тавзеҳоти ҳуқуқӣ равон карда шудааст. Ҳамаи ин корҳо, ки қабл аз ҳама мувофиқи фармони роҳбари давлат ба амал меоянд,  ба боло бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ равона шудаанд.

Ойбек ЮЛДОШЕВ,
сардори шӯъбаи адлияи 
ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: