Маҷмӯаи «Сабақҳои «Овози тоҷик», ки мураттибони он Аъзамҷон Азимов ва Мурод Муродӣ, муҳаррирон Муҳаммаднабӣ Баёнов ва Мирзоалӣ Ҷӯраев мебошанд (матбааи табъу нашри «Ашуриён»-и Душанбе) рӯйи чопро дидааст, пешкаши хонанда мегардад.
Дар китоб заминаҳои пайдоишу ташаккули «Овози тоҷик», нақши он дар инъикоси масъалаҳои миллӣ, таърих, фарҳанг, ташаккули афкори рӯзноманигорӣ, тарғиби фарҳангу адабиёт ва монанди ин мавриди баррасиҳои илмӣ қарор гирифтааст.
Китоб мақолаҳои илмии Мурод Муродӣ – «Заминаҳои пайдоиш ва ташаккули рӯзномаи «Овози тоҷик», «Нақши «Овози тоҷик дар ташаккули афкори рӯзноманигорӣ», «Раҳнамои мухбирон» ва вижагиҳои он», Аъзамҷон Азимов – «Овози тоҷик» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ», Мирзоалӣ Ҷӯраев – «Инъикоси масъалаҳои тақсимоти ҳудуди миллӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ва Дилшод Раҳимӣ – «Суннатҳои фарҳанги миллӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» дар бар мегирад. Муродӣ дар мақолааш оиди рубрикаҳои рӯзнома таваққуф намуда менависад: «Ҷавобҳои идора» аз як тараф, эҳтироми нашрияро бо хонандагон ва аз сӯйи дигар, бозгӯйи таъинот ва талаботи он бошад, дар маҷмӯъ баёнгари ҳудуди муштариёни рӯзномаро низ дорад.
Дар мақолаи «Нақши рӯзнома дар тарғиби китоб» оварда шудааст: «Мавриди зикр аст, ки кормандони «Овози тоҷик» ба китоб эҳтироми хосса дошта, онро махсусан қадр мекардаанд ва аз дигарон чунин муносибатро талаб менамудаанд. Чунончи, дар ин «Эълонот», ки дар шумораи 78, 9-майи соли 1926 дарҷ гардидааст, мехонем: Ду ҷилд китоби луғати туркии «Қомуси туркӣ», ки дар Истанбул чоп шудааст, аз ҳуҷраи ман дуздида шудааст. Ҷилди китобҳо кабуд мебошад. Дар дуздии китобҳо як рафиқи хуҷандӣ гумонбар мебошад. Агар рафиқи мазкур китобҳоро то аввали июн ба воситаи почта нафиристад, ба воситаи матбуот расво хоҳад шуд. Ва ҳар касе, ки дараки ин китобҳоро ба ман диҳад, даҳ сӯм бахшиш хоҳад гирифт.
Самарқанд. «Овози тоҷик». Ғуломалӣ Козимзода».
Маводҳои китоб аз ошкорбаёнӣ, талаботи сахт, масъулиятнокӣ, тартибу интизоми ҳамонвақтаи кормандони «Овози тоҷик» дарак медиҳад, ки беҳтараш барои мутолиаи он бояд шитоб кард.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».