Солҳои 1975-76, вақте ки дар мактаби рақами 13-уми деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах мехондам, устодон, омӯзгори фанни забони форсӣ Абдумурод Назаров ва муаллими фанни забони русӣ Холибек Қувноқов (Худо раҳмат кунад!) ба мо аз рӯзномаи он вақт «Ҳақиқати Ӯзбекистон» баъзе мақола, шеъру ҳикояҳоро хонда медоданд ва ба дилҳои мо нисбат ба рӯзнома шавқу ҳавас меангехтанд.
Зи саъйи Айниву ёрони Айнӣ,
Баромад оқибат «Овози тоҷик»...
ПАЙМОН.
Солҳои 1975-76, вақте ки дар мактаби рақами 13-уми деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах мехондам, устодон, омӯзгори фанни забони форсӣ Абдумурод Назаров ва муаллими фанни забони русӣ Холибек Қувноқов (Худо раҳмат кунад!) ба мо аз рӯзномаи он вақт «Ҳақиқати Ӯзбекистон» баъзе мақола, шеъру ҳикояҳоро хонда медоданд ва ба дилҳои мо нисбат ба рӯзнома шавқу ҳавас меангехтанд.
Соли 1981 баъди ба Донишкадаи давлатии забон ва адабиёти руси Тоҷикистон дохил шуданам, мунтазам аз дукони рӯзномафурӯшии шафати он «Овози тоҷик» мехаридам ва барои мутолиа ба рафиқон ҳам медодам.
Баъди хатми донишкада ба зодгоҳ баргаштаму сарнавишт маро ба дашт овард. Яъне аз аввали солҳои ҳаштодум ҳамроҳи бародаронам дар ноҳияи Мирзочӯл ба сар мебарам.
Ногуфта намонад, ки ҳанӯз ҳангоми донишҷӯйӣ ба идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», баъдтар «Ҷавонони Тоҷикистон» мерафтам. Зеро он ҷо бародарам Қироншоҳ Шарифзода кор мекард ва маро бо нозукиҳои кори рӯзнома ошно месохт.
Ҳамин тариқ, аз соли 1987 инҷониб баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба матбуот дилгармӣ дорам, аз ҷумла бо рӯзномаи дӯстдоштаам – «Овози тоҷик» пайваста ҳамкорӣ мекунам, хабару мақола менависам, аксҳо бардошта равон мекунам. Ҳарчанд бо нашрияҳои ноҳиявию вилоятӣ ҳам хабару лавҳаҳо якҷо бо аксҳо ирсол мекунам, аммо ихлосу дилбастагии ман ба «Овози тоҷик» дигаргуна аст. То ҳол мунтазам рӯзномаро мутолиа менамоям. Навиштаҳои ҳамаи хабарнигорон, хоссатан Амрулло Авезов, Мирасрор Аҳроров, Шариф Халил, Зоҳир Ҳасанзода, Олим Панҷизода, Ӯзбакбойи Раҳмон ба ман писанданд.
Дар ибтидо аз номи шодравон Ҷонибек, баъдан аз ҷониби Паймон ба навиштаҳоям ҷавоб ва мактубҳо мегирифтам. Ин номаҳо барои такмил додани навиштаҳоям такони хубе буданд.
Аз ин ҷост, ки таҳияву тарҷумаҳоям зуд-зуд рӯйи чопро мебинанд. Аз ин хеле хушҳол мешавам. Ҳар бори ба Душанбе рафтан, чанд адад рӯзномаро бо худ мегирам ва ба Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ, факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон туҳфа мекунам.
Хабарнигори рӯзнома дар вилояти Ҷиззах Анорбой Назаров ба ман маслиҳатҳои муфид медиҳад. Маро дар идораи рӯзнома ҳар бори рафтанам устодон Паймон, Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷон Шодӣ, Тоҷибой Икромов, хосса сармуҳаррири рӯзнома Шерпӯлод Вакилов ва дигарон гарм истиқбол мегиранд.
Имсол рӯзнома садсола мешавад. Дар ин даргоҳи муқаддас устод Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Ҳоҷӣ Муин барин адибу публитсистони шуълавар кору фаъолият намудаанд. Аз ин хотир мо онро бояд эъзоз намоем. Ба қадри ҳар сатраш бирасем. Ёди устодонро азиз дорем.
Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА,
хабарнигори ҷамоатии
«Овози тоҷик».
Ноҳияи Мирзочӯли
вилояти Ҷиззах.