Дар вохӯрии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев зимни сафари корӣ ба вилояти Фарғона вобаста ба иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар меҳвари гуфтугузор қарор гирифт.
Сарвари давлатамон дастур дод, ки дар доираи вазифаҳои ояндаи наздик лоиҳаи сохтмони мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» дар шаҳрҳои Қӯқанду Марғилон ва марказҳои маъмурии ноҳияҳо шурӯъ намуда, ин равандро то ба сатҳи маҳалла идома диҳанд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят хабар дод.
Гуфта мешавад, ҳамвора бо ин дастури роҳбари давлат роҷеъ ба мавҷудияти баъзе маҳаллаҳои куҳнаи шаҳру ноҳияҳо баҳои танқидӣ дода шуд. Бар ин асос мақомоти маҳаллӣ муваззаф гардиданд, ки аз ҳар шаҳру ноҳия панҷ маҳаллаи кӯҳнаро интихоб намоянд ва бо ҷалби бахши хусусӣ ба бунёди хонаҳои 7-10 ошёна шурӯъ кунанд. Баъди баҳрабардорӣ аввал сокинони ин маҳаллаҳо дар хонаҳои нав маросими бурёкӯбон барпо кунанд.
Барои ҳамин бунёди мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав»-ро шаҳри Марғилон ҳусни ибтидо бахшид. Дар муддати кӯтоҳ дар робита ба иҷрои супориши Президенти мамлакатамон барои бунёди мавзеъи «Ӯзбекистони Нав» бо 6 ҳазор хонаи истиқоматӣ нақшаи генералӣ таҳия гардид ва барои он дар кӯчаи Янгиҳаёти шаҳри Марғилон 75 гектар замин ҷудо карда шуд. Бино ба ин нақша ба ҷуз аз биноҳои баландошёнаи замонавӣ, дар ин ҷо як маҷмааи савдои арзиши лоиҳавиаш 50 миллион доллари амрикоӣ, маркази тиҷоратӣ, 2 мактаб, 6 муассисаи таълими томактабӣ, 2 бунгоҳи тиббии бисёрсоҳа бунёд хоҳанд шуд ва мавзеъи «Ӯзбекистони Нав»-ро шукӯҳ хоҳад бахшид.
Аз тарафи дигар, барои истироҳати мадании аҳолӣ ба ғайр аз биноҳои истиқоматӣ, дар мавзеъҳои нав иншоотҳои тафреҳӣ-истироҳатӣ сохта мешаванд. Дар асоси меъмории ландшафтӣ гулгаштҳои сабзу хуррам ва хиёбонҳои бо дарахтони ороишӣ зебу зинатёфта низ бунёд карда хоҳанд шуд.
Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров бевосита аз раванди ифтитоҳи сохтмони мавзеи «Ӯзбекистони Нав» дидан карда, бо роҳбарони ташкилотҳои сохтмону пудратчӣ, бинокорону меъморон дидору мулоқот анҷом дод. Дар рафти чорабинӣ корҳои бунёдкорӣ оғоз гардида, бо нияти нек санги аввалин гузошта шуд. Баъд корҳои бетонрезии қисми таҳхонаи биноҳои бисёрошёна низ бо тантана оғоз гардид.
Дар ин маросим як гурӯҳ фаъолон, зиёиён ширкат намуда, даст ба дуои нек бардоштанд, ки ҳамаи корҳо хубу хушсифат ва дар муддати муқарраршуда анҷом пазиранд. Интизор меравад, ки дар фурсатҳои наздик дар ин шаҳри куҳанбунёд боз як мавзеи наву хушсохт ва замонавӣ сохта мешавад ва мардуми зиёд дар хонаҳои нави он маросими бурёкӯбон баргузор хоҳанд кард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.