Имрӯзҳо сартосари мамлакат барои пешвоз гирифтани 33-юмин солгарди истиқлолияти кишварамон дар зери шиори «Танҳо бо ваҳдат - мо халқи ягона, танҳо якҷо - мо кишвари муқтадир» чорабиниҳои маданиву маънавӣ баргузор мегардад.
Дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон низ дар мавзеи Бибиона бо ҳамкории Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилоят, маркази фарҳанг ва маънавияти ноҳия тадбир баргузор гашт, ки дар он отинойиҳои ноҳияҳои вилоят ҷамъ шуданд.
Дар чорабинӣ саротинойи вилоят Ашурахон Хоҷаева иштирок карда, дар бораи вазифаҳои ба пеш монда ва иҷрои он дар амал фикру мулоҳизаҳо баён кард. Дар ҷаъмомад дар бораи таълиму тарбияи ҷавонон, муносибатҳои падар ва модарон, арӯсу домод дар оила гуфта гузаштанд. Таҷрибаҳои якчанд оилаҳои намунавӣ пешкаш карда шуд.
Отинойиҳои фаъол ҷамъомадагонро бо таҷрибаи бойи худ шинос карданд ва аз тарафи ташкилотчиён бо ташаккурнома ва китобҳои бадеӣ рағбатонида шуданд.
Рақсу сурудҳои дилнишини хурдтаракони ташкилоти таълими томактабии рақами 39-ум, ки дар маҳаллаи Бибиона ҷойгир шудааст, ба чорабинӣ файз бахшид ва ба иштирокчиёни чорабинӣ кайфияти идона туҳфа намуд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.