Дар рӯзномаи машҳури англисии ҶМЧ «Global Times» мақола бахшида ба иштироки дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар Олимпиада чоп шудааст.
«Бозиҳои Олимпии соли 2024-ум дар Париж барои Ӯзбекистон аз замони соҳибистиқлол шудани он бомуваффақияттарин гардид. Дар ҳисоби умумии медалҳои байни варзишгарони зиёда аз 200 мамлакат ва минтақа иштирокдорони ӯзбекистонӣ соҳиби 13 медал, аз ҷумла 8 медали тиллоӣ гардида, бинобар медалҳо сазовори ҷойи 13-ум ва дар байни кишвар ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин ИДМ ҷойи аввалро ишғол карданд», – зикр мекунад нашрия.
Махсус таъкид мегардад, ки дастаи яккачини Ӯзбекистон оид ба бокс унвони пурқувваттарин дастаи ҷаҳонро бо ишғоли мақоми аввал бинобар миқдори медалҳо собит намуд. Аз ҳафт нафар муштзанҳои дастаи мунтахаби мардон панҷ нафарашон сазовори медалҳои тиллоӣ гардиданд.
Рӯзнома хотиррасон месозад, ки Ҳасанбой Дӯсматов, Абдумалик Халлоқов, Асадхӯҷа Муйдинхӯҷаев, Лазизбек Муллоҷонов ва Баҳодир Ҷалолов дар Париж чемпион шуданд.
«Иштироки дзюдочии ӯзбек Диёра Келдиёрова дар Бозиҳои олимпии соли 2024-уми Париж, ки дар ҷараёни сабқатҳо бар варзишгари мағлубнопазири Ҷопон Ута Абэ низ пирӯз шуда, аввалин бонуи соҳиби медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз Ӯзбекистон гардид, воқеаи фавқулодда шуд», – менависад рӯзнома.
Ҳамчунин ғолибони дигари Бозиҳои олимпӣ дар Париж – чемпиони дукаратаи олимпӣ оид ба таэквондо Улуғбек Рашитов, барандаи медали тиллоӣ дар гӯштини озод Разамбек Ҷамолов хотиррасон карда мешаванд.
Дар мақола суханони Президент Шавкат Мирзиёев оварда шудааст, ки Ӯзбекистон тамоми имкониятҳоро дошт, то ба қатори 15 дастаи беҳтарини Олимпиада дохил шавад.
Дар Ӯзбекистон ба бунёди инфрасохтори варзишӣ, ки ҷойи гузаронидани мусобиқаҳои бузурги байналхалқӣ, аз ҷумла чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё оид ба бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шамшербозӣ ва намудҳои дигари варзиш мебошанд, эътибори махсус дода мешавад. Чунончи, дар мамлакат зиёда аз 200 иншооти бузурги варзишӣ сохта, ба истифода супурда, боз 150 иншоот таҷдиду тармим шудаанд. Ғайр аз ин, Ӯзбекистон ба баргузор кардани Бозиҳои наврасони Осиё дар соли 2025-ум тайёрӣ мебинад.
Гуфта мешавад, ки баробари ин дар Ӯзбекистон низоми нодири сезинавии гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ дар байни мактаббачагон, толибилмон ва донишҷӯён созмон дода шудааст, ки барои омода намудани варзишгарони соҳибистеъдоду қобилиятнок саҳми бемисл мегузорад.
«Ба шарофати тамоми дигаргуниҳои зикршуда дар мамлакат шуғл бо варзиш, бахусус дар байни ҷавонон, аз ҷумлаи соҳаҳои бонуфузи фаъолият гардид. Варзишгарони ӯзбек ба Ӯзбекистони Нав ғалабаҳои нав мебахшанд, номҳои онҳо бошад, дар саҳифаҳои варзиши ватанӣ ва ҷаҳонӣ сабт меёбанд», – хулоса мекунад рӯзномаи бонуфузи «Global Times».
АИ «Дунё»,
ПЕКИН.