Сайёҳӣ соҳаест, ки барои шиносоӣ бо кишвар хидмат мекунад, ба иқтисодиёт даромади зиёд меоварад ва аҳолиро бо шуғл таъмин менамояд.
Бо дарназардошти ин дар вилояти Тошканд ба такмил додани шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионии иншооти сайёҳӣ, беҳтар намудани низоми коммуналиву роҳҳо, рушди инфрасохтори маданиву истироҳатӣ, тармим ва ободонсозии иншооти мероси фарҳангӣ эътибори махсус дода мешавад.
Дар давраи сипаришудаи соли равон дар соҳаи сайёҳӣ 39 лоиҳаи арзиши умумиашон 560 миллиарду 65 миллион сӯм татбиқ гардиданд. Дар натиҷа дар маҳалҳо 975 ҷойи нави корӣ фароҳам омад. Дар минтақа 4 «кӯчаи сайёҳӣ»-и хосса кушода, хидматҳои иловагии сайёҳӣ ба роҳ монда шуданд. Бинобар баҳои коршиносон соли 2024-ум дар минтақа сафари 9 миллион сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ пешбинӣ мегардад. Онҳоро, пеш аз ҳама, ҷойҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо ҷалб менамоянд.
Қабул шудани Фармони Президент «Дар бораи чораҳои минбаъд инкишоф додани сайёҳии дохилӣ ва зиёратӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 9 феврали соли 2021-ум ба ҳамаҷониба татбиқ гардидани имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Паркенти вилоят хидмат менамояд. Аз ҷумла, зиёратгоҳи «Масҷидалӣ»-и воқеъ дар деҳкадаи сайёҳии Кумишкон бо номи Ҳазрати Алӣ алоқаманд буда, яке аз ҷойҳои машҳури дидании минтақа ба ҳисоб меравад.
Чанори азим ва оби чашмаи шифобахши зиёратгоҳ боиси ҳайрати зиёратгарон мебошанд. Бо номи Ҳазрати Алӣ афсонаҳои зиёд вобастагӣ доранд... Дар ин ҷо аз қадимулайём рӯдҳои шаффоф мавҷуд буданд, ки обашон ба сифати дорувор истифода мешуд ва мешавад. Ба шарофати ин миқдори сайёҳон ба деҳкадаи сайёҳӣ мунтазам меафзояд, дар байни онҳо сайёҳони хориҷиро низ метавон дид.
Дар ин маҳал маҷмӯи «Заркентота» – зиёратгоҳи Ҷаъфар ибни Ҳусайн Саййид Баттоли Ғозӣ мавҷуд мебошад.
Таъму бӯйи меваҳое, ки дар ин минтақа парвариш мешаванд, таомҳои нодири миллӣ, ки маҳсули маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, сайёҳонро ба худ ҷазб менамояд.
Абдулазиз МӮСОЕВ,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир:
А. АЛИҶОНОВ (ӮзА).