Дар ҳавзаи маъмурии Мёнхвайлери шаҳри Фрайбург (замини федералии Баден-Вюртемберг) ҷашнвораи солонаи таом ва фарҳанги ӯзбекистонӣ, ки ҳамватанони мо – ҳамсарон Евгений ва Юлия Шатс якҷо бо намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон дар Олмон ва бунёди ҷамъиятии «Ватандош» ташкил кардаанд, баргузор шуд.
Евгений ва Юлия Шатс асосгузорони гурӯҳи машҳури шабакаи иҷтимоии фейсбуки «Usbekische Kuche» мебошанд, ки беш аз 20 ҳазор муштарӣ дорад.
Дар ҷашнвора анқариб 200 нафар ҳамдиёронамон аз тамоми Олмон ва кишварҳои Аврупо, ҳамчунин намояндагони доираҳои корчаллон ва ҷамъиятии Олмон, аз ҷумла асосгузори платформаи бузургтарини иттилоотӣ ба забони олмонӣ «Usbekistan online» Герхард Биркл ширкат варзиданд.
Дар доираи чорабинӣ иштирокдорон имкон доштанд аз хӯрокҳои миллии ӯзбекӣ баҳравар шаванд, бо маданияти ба худ хоси мардуми Ӯзбекистон шинос гарданд ва навгониҳои муҳими иҷтимоиву сиёсии Ӯзбекистони Навро донанд.
Моҳияти чорабинии мазкур бинобар мустаҳкам кардани муҳити дӯстӣ ва ҳамдилии байнимиллии ҳамдиёрон, ҳамчунин оммавӣ намудани иқтидори сайёҳии кишвари мо аз ҷониби нотиқон қайд карда шуд.
Баробари ин ҳозирон оид ба воқеаҳои муҳими сиёсӣ дар Ӯзбекистон маълумот гирифтанд. Таъкид шуд, ки интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, ки моҳи октябри соли равон баргузор мегардад, дар таърихи Ӯзбекистон бори аввал дар пояи низоми интихоботии мажоритариву пропортсионалӣ мегузарад.
Дар ҷараёни чорабинӣ гӯшаи миллӣ ташкил карда шуд, ки гуногунрангиву маҳорати санъати тасвирии Ӯзбекистонро намоиш дод. Ҳамдиёронамон рақсу сурудҳои миллии ӯзбекиро иҷро карданд, дар суҳбат ва бозиҳои зеҳнии бахшида ба мероси таърихии Ӯзбекистон фаъолона иштирок намуданд. Ҷараёни тайёр кардани таомҳои миллӣ, аз ҷумла самбӯса, танӯр, палав, шӯрбо ва мастоба дар гулхан, ки барои дӯстдорони ошхона ва маданияти Ӯзбекистон дар Олмон таҷрибаи нодир гардид, боиси эътибори азими ҳозирон шуд. Ба иштирокдорони ҷашнвора туҳфа ва дӯппиҳои миллӣ аз ҷониби бунёди ҷамъиятии «Ватандош» пешкаш гардиданд.
Дар доираи ҷанивора намоишгоҳи суратҳои мактаби бадеии Анна Гебер, бахшида ба маданият, санъат, ҳаёти мардуми Ӯзбекистон баргузор гардид. Зиёда аз он барои иштирокдорони чорабинӣ оид ба расмкашӣ дар усули «Эбру» мастер-класс ташкил карда шуд.
Ташабускорон Евгений ва Юлия Шатс ба тамоми иштирокдорон, аз ҷумла дипломатҳо барои иштироки фаъол ва дастгириашон миннатдорӣ баён карданд.
Дар бораи идома додани қарордодҳо бо асосгузорони гурӯҳи «Usbekische Kuche» барои якҷо гузаронидани чорабиниҳои таомпазӣ дар доираи ҷашнвораҳои байналхалқии фарҳангӣ дар саросари Олмон, ҳамчунин интишори мақолаҳои муҳим дар платформаи «Usbekistan online», бахшида ба равшансозии воқеаву ҳодисаҳои муҳими иҷтимоиву сиёсӣ дар ҷумҳурии мо муоҳида имзо шуд.
Асосгузори платформаи «Usbekistan online» Герхард Биркл мегӯяд:
– Ман дар шаҳри Мюнхен зиндагонӣ мекунам ва инак солҳои зиёд боз ба фарҳанги Ӯзбекистон рағбат дорам. Натиҷаҳои осори худро дар сомонаи онлайни «Usbekistan online», ки дар байни аҳолии Олмон мавқеи пешқадам дошта, ба донистани Ӯзбекистон майлу шавқ зоҳир менамоянд, интишор месозам. Ман ба халқи Ӯзбекистон бахту саодат ва шукуфоӣ орзу мекунам, ҳамчунин дар интихоботи пешистодаи парлумонӣ, ки идомаи ислоҳоти васеъмиқёси демократӣ дар Ӯзбекистон хоҳад шуд, комёбӣ мехоҳам.
Ҳамдиёронамон Азиза ва Нодира изҳор доштанд:
– Мо аз Австрия, роҳи дуру дарозро тай карда, ба ҷашнвораи таомҳои Ӯзбекистон ва маданияти он омадем, то ки ҳамватанонамонро бинем ва муҳити меҳмоннавозии ӯзбекиро эҳсос намоем. Дар ин ҷо мо худро дар муҳити Ватанамон ҳис мекунем.
АИ «Дунё»,
шаҳри ФРАНКФУРТИ лаби МАЙН.