Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон, ки бо сафари корӣ дар Афғонистон қарор дорад, дар маросими ифтитоҳи расмии форуми тиҷоратии Ӯзбекистон-Афғонистон ва намоишгоҳи “Made in Uzbekistan” дар Кобул ширкат кард.
Дар ифтитоҳи намоишгоҳ ҳайатҳои ҳукуматҳои ду кишвар бо роҳбарии Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Афғонистон Абдулғанӣ Бародар иштирок намуданд.
Қайд карда шуд, ки ин форуми муштараки соҳибкорон ва намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон ба рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии мутақобила мусоидат мекунад.
“Made in Uzbekistan” бо мақсади намоиш додани маҳсулоти корхонаҳои дар Ӯзбекистон фаъолиятдошта, бастани шартномаҳои содиротӣ, тавсеаи иқтидори содиротии кишварамон, роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои устувор ва дарозмуддат бо шарикони хориҷӣ таъсис дода шудааст.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти нассоҷӣ, чарм ва пойафзол, қолинҳо, меваю сабзавот, маснуоти электротехникӣ ва кабелӣ, техникаи мошинсозӣ ва кишоварзӣ, металлургия, нафту кимиё ва бисёр дигар навъҳои маҳсулоти тайёри корхонаҳои дар Ӯзбекистон фаъолияткунанда ба намоиш гузошта шудаанд.
Илова бар ин, дар чаҳорчӯби намоишгоҳ имкони баргузории мулоқотҳо ва бастани қарордодҳо миёни тоҷирони ду кишвар вуҷуд дорад.
Намоишгоҳи “Made in Uzbekistan”, ки 17 август дар Кобул ифтитоҳ шуд, то 21 август идома хоҳад кард.