Ба мақсади минбаъд амиқ омӯхтан ва васеъ тарғиб намудани мероси илмии олими бузург, ҳамватани мо Имом Исо Муҳаммад Тирмизӣ (минбаъд – Имом Тирмизӣ), ки дар ривоҷи илми дини мубини ислом саҳми беназир гузоштааст, дастгирии тадқиқотҳои дар ин самт анҷом додашуда, ғанӣ гардонидани олами маънавию ахлоқии насли наврас, боз ҳам мустаҳкам намудани ҳисси эҳсоси ифтихори миллӣ, муҳаббат ва садоқат ба Ватан дар дили ҷавонон:
1. Пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дин, Раёсати мусулмонони Ӯзбекистон, ҳокимияти вилояти Сурхондарё, Маркази байналмилалии илмию тадқиқотии Имом Тирмизӣ дар бораи моҳи октябри соли 2024 васеъ ҷашн гирифтани 1200-умин солгарди зодрӯзи Имом Тирмизӣ маъқул дониста шавад.
2. Кумитаи тадорук оид ба баргузории чорабиниҳо бахшида ба 1200-солагии Имом Термизӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ (минбаъд – Кумитаи тадорук) таъсис дода, ҳайати он тибқи замима тасдиқ карда шавад.
3. Кумитаи тадорук (А. Арипов) дар мӯҳлати як ҳафта Барномаи чорабиниҳоро оид ба дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 1200-солагии Имом Тирмизӣ тасдиқ намояд, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
тайёр кардан ва нашри тарҷумаи бисёрҷилдаи академӣ ва тафсири осори Имом Тирмизӣ «Аш-Шамоил ал-Муҳаммадийя» ва «Сунани Термизий», ки бар пояи таълимоти Мотуридия ва тафсири Ҳанафия асос меёбад;
офаридани филми ҳуҷҷатии илмию оммавӣ ва ташкили намоиши спектакли ба саҳна гузошташуда, ки дар бораи ҳаёти Имом Тирмизӣ, моҳият ва аҳамияти ҳозираи мероси илмии ӯ нақл мекунад:
ба муомилот баровардани туҳфаҳои хотиравӣ бахшида ба 1200-солагии зодрӯзи Имом Тирмизӣ, инчунин омода намудани маркаҳои почта, тақвимҳо ва силсилаи воситаҳои аёнии иттилоотӣ, ки ҳаёт ва мероси илмии ӯро инъикос менамоянд:
моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Тошканд баргузор намудани конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ислом – дини сулҳ ва некӣ», ҳамчунин дар доираи конфронс – дар шаҳри Тирмиз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши мероси илмии Имом Тирмизӣ дар тамаддуни исломӣ»;
беҳтар гардондани инфрасохтори роҳ, ки ба ҷойи зиёрати Имом Тирмизӣ мебарад, аз ҷумла ободонии маҷмааи ёдгорӣ ва ҳудуди шафати он;
дар маҷмааи Имом Абу Исо ат-Тирмизӣ дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё ташкил кардани намоишгоҳи дастхатҳои нодири асарҳо, нусхаи нашр ва китобҳо бахшида ба ҳаёт, фаъолияти илмию эҷодии Имом Тирмизӣ ва алломаҳои тирмизӣ.
4. Ба Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия супурда шавад, ки:
якҷоя бо Кумитаи дин дар моҳҳои сентябр — октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз ва Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти мавзӯи «Мероси илмию маънавии олимони тирмизӣ: гузашта ва ҳозира», инчунин озмуни мақолаҳои илмӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмии Имом Тирмизиро аз ҳисоби маблағи Фонди рушди муассисаҳои таълими олӣ баргузор намояд;
фармоиши давлатиро ба тартиби муқарраргардида барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба омӯзиши мероси илмӣ ва асарҳои беназири дастнависии олимони мутафаккир ва ҳадисшиносон, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди маблағгузории илм ва дастгирии инноватсияҳо амалӣ мешаванд, ташаккул диҳад.
5. Ба Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар байни имом-хатибҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими динӣ баргузор намудани озмуни «Донандаи ҳадисҳо аз рӯи асарҳои Имом Тирмизӣ» ва муносиб сарфароз гардондани ғолибони он тавсия дода шавад.
6. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Кумитаи оид ба корҳои дин, Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат, Агентии оид ба кор бо ҷавонон, Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар маҳалҳо дар тӯли соли 2024 суҳбатҳои «мизи мудаввар» бахшида ба мероси илмии Имом Тирмизӣ ташкил намоянд.
7. Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон ва Маркази байналмилалии илмию тадқиқотии Имом Тирмизӣ якҷоя бо Агентии мероси фарҳангӣ:
дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани тармим ва нигоҳдории дастнависҳо, китобҳои қадима, асарҳои беназир ва дигар арзишҳои фарҳангӣ, ки ба мероси илмии Имом Тирмизӣ тааллуқ доранд,таъмин кунанд;
ба таври мунтазам муайян намудани осори нодири дастнавис ва дигар арзишҳои фарҳангии марбут ба ҳаёт ва мероси илмии Имом Тирмизӣ ва дигар дастнависҳои замони ӯ, ки дар кишварҳои хориҷӣ маҳфузанд, инчунин ворид кардани нусхаҳои онҳоро ба Ӯзбекистон ва тадқиқи онҳоро ташкил намояд;
барои ба вуҷуд овардани маҳсулоти аълосифати медиа ва асарҳои аудиовизуалӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти илмии Имом Тирмизӣ, интишори онҳо дар расонаҳои ахбори оммавии дохилию хориҷӣ, таблиғи густурда дар шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ чораҳо андешанд.
8. Ҳокимияти вилояти Сурхондарё:
якҷоя бо Агентии кадастр ва ташкилотҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Маркази байналхалқии илмию тадқиқотии Имом Тирмизӣ додани 5 хонаи хидмати маиширо, ки аз ҳисоби маблағи сарпарастон барои кормандони илмии марказ дар суроғаи: шаҳри Тирмиз, кӯчаи Шимолий дарвоза, хонаи 3 сохта шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, дар асоси моликият таъмин кунад;
якҷоя бо Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии сохтмон ва ба баҳрабардорӣ супурдани биноҳои таълимӣ ва дигари заруриро барои муассисаҳои таълими динӣ, ки дар ҳудуди шафати Маркази байналмилалии илмию тадқиқотии Имом Тирмизӣ дар шаҳри Тошканд воқеъ гардидааст, таъмин намояд.
9. Ба Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва Агентии иттилоотии «Дунё» тавсия дода шавад, ки чорабиниҳоро бахшида ба 1200-солагии Имом Тирмизӣ дар воситаҳои ахбори оммавӣ васеъ инъикос намоянд.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон М.М. Комилов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри Тошканд,
15 августи соли 2024.