МАДҲИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Тантанаҳои идона бахшида ба пешвози ҷашни 33-юмин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон дар гӯшаву канори кишвар бошукӯҳ баргузор мегардад.

Дар деҳаи Аннаи маҳаллаи Бӯстони ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ барои пешвоз гирифтани истиқлолияти кишварамон зери шиори «Танҳо бо ваҳдат – мо халқи ягона, танҳо якҷо – мо кишвари муқтадир» чорабинии маданиву маърифатӣ баргузор гардид.
Маҳаллаи «Бӯстон» аз маркази вилоят дар масофаи 110 км дур буда, 6 деҳаро дарбар мегирад. Дар маҳалла беш аз 2800 нафар шаҳрвандон будубош доранд. Чун ҳудудҳои дигари кишвар дар деҳот низ корҳои бунёдкориву ободонӣ ба роҳ монда шудааст.
– Маҳаллаи мо нав таъсис ёфта, таърихи тӯлонӣ надорад. Идораи он дар як хонаи мактаб ҷойгир буд, – мегӯяд раиси маҳалла Эшмуҳаммад Сафоев. – Дар соли 2023 аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 850 миллион сӯм бинои нав бо ҳамаи имконот бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Тибқи лоиҳаи «Буҷаи ташаббуснок» дар мактабҳои ҳамагонии рақами 16 ва 29-ум таъмири ҷорӣ анҷом дода шуд. 6-7 км роҳҳои дохили маҳалла таъмир гардида, 2 километри он мумфарш шуд. Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти мардуми маҳалла нақши худро гузошт.
Шаҳрвандони маҳаллаи «Бӯстон» чун дигар мардуми кишвар истиқлолияти давлатиро хушнудона пешвоз мегиранд. Чорабинии идона аҳолии маҳалларо якҷо гирд овард. Зери оҳангу таронаҳои ҷаззоби дастаи ҳунарии ноҳия зану мард, толибилмони мактаб рақсу бозӣ, шодиву хурсандӣ карданд. Мадҳи ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар дилҳову забони мардум садо медод. Чунин чорабиниҳои маданиву маърифатӣ ҳамдилии мардуми гуногунзабонро мустаҳкам гардонида, дӯстӣ ва ваҳдатро поянда месозад. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: