Бунёдгузори адабиёти навини тоҷик, академик ва аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (солҳои 1951-1954), Ходими хидматнишондодаи илми Тоҷикистон, академики ифтихории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қаҳрамони Тоҷикистон дар охири асри XIX – аввали асри ХХ баробари эҷоди сермаҳсул дар риштаи назму наср дар Бухоро зери таъсири боз як донишманди забардаст ва пешвои ҳаракати маорифпарварӣ Аҳмади Дониш, инчунин, Шарифҷон Махдум, Мирзо Сомӣ, Домулло Икром ва баъзе дигарон ба ҷараёни ҷа
Имрӯз, ки дар Ӯзбекистони Нав бо ташаббуси Президенти кишвар ба осору таҷрибаи рӯзгор, зиндагии ибратбахши ҷадидҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад, дар бораи намояндагони бузурги ин ҳаракати ватанпарастиву миллатдӯстӣ силсилаи мақолаву қиссаҳо, филмҳои бадеиву мустанад (ҳуҷҷатӣ) интишор мегарданд, (рӯзномаи махсуси «Ҷадид» таъсис дода шуд), дар бораи нақшу мақом ва хидматҳои бузурги устод Айнӣ дар ин ҷодаи худшиносиву меҳанпарастӣ то ҳол чизи заруру муҳим гуфта нашудааст. Қобили қайд аст, ки устод Айнӣ аксари асарҳо ва мақолаҳои аз ғояву ҳадафҳои ҷадидӣ саршорро ба забони ӯзбекӣ ҳам навиштааст. Аз ин рӯ, месазад, ки олимони ҷадидшиноси ӯзбек дар ин маврид, яъне дар бораи хидмати сазовори Айнӣ дар риштаи ҷадидизм тадқиқот баранд ва хидмати ин адиби барҷастаро аз рӯйи адлу инсоф арзёбӣ намоянд.
Устод Айнии ислоҳотпараст бисёр кӯшида буд, ки мактабу маориф, қабл аз ҳама, мувофиқи талаби замон ташаккул дода шавад. Дар роҳи худшиносии миллӣ, дарки набзи замон ҷойи матбуотро ҳам борҳо ба забон гирифта, аз пайи ташкили рӯзномаву маҷаллаҳо кӯшиши зиёд ба харҷ дод.
Азбаски дар ин айём мо – тоҷикони сарзамини беназири Ӯзбекистон 100-солагии таъсисёбии рӯзномаи маҳбубамон «Овози тоҷик»-ро ҷашн мегирем, хостем суханро аз баёни навиштаҳо ва хитобаҳои устод Садриддин Айнӣ дар мавзӯи матбуот оғоз бахшем. Оре, ҳар вақте сухан дар бораи матбуоти тоҷик меравад, мо ҳатман мақолаи Айниро зери унвони «Қавми тоҷик ва рӯзнома» зикр мекунем. Ҳол он ки Айнӣ ғайр аз ин мақола боз мақолаи дигареро ҳам бо номи «Матбуоти тоҷик» навиштааст (Нигаред ба китоби «Садриддин Айнӣ, Осори баргузида дар ду ҷилд», Душанбе, «Ирфон» – 1977. Ҷилди 1, с.292). Дар ин мақола устод Айнӣ чанд масъалаи дардноки матбуоти тоҷикро ба забон гирифтааст. Қайд мекунад, ки то Инқилоби Ӯктабр дар Бухоро ва Самарқанд рӯзномаи «Бухорои шариф», маҷмӯаи «Оина» аз чоп баромад. Баъд аз соли 1917 «Шуълаи инқилоб» арзи вуҷуд намуд. «Дар арафаи тақсимоти сарҳадҳо рӯзномаи «Овози тоҷик», ки имрӯз ҷашни дусолагиашро мегузаронем, ба майдон баромад, ба ҳамаи камбудиҳои моддӣ ва маънавӣ дар сари пур шудани ду сол, баровардани шумораи садумаш комёб шуд, ки шоёни муборакбодист».
Ҳамин тавр, устод Айнӣ дар бораи якчанд мушкилоти нашри рӯзнома ва китобҳои дарсӣ сухан ронда, зимнан масъалаи забони рӯзномаро, ки имрӯз ҳам (баъди 100 сол!) хеле муҳим шудааст, баён менамояд: «Вазифаи бузурге, ки ба гардани ходимони матбуот ва нашриёти тоҷик аз тарафи меҳнаткашони тоҷик бор шудааст, аз ҷиҳати забон наздик кардани матбуот аст ба оммаи мардуми тоҷик. Адои ин вазифа бисёр душвор аст, зеро бисёр мешавад, ки содда кардани забон ва фаҳмондани маром монеъ мешавад ба воситаи суханҳои кӯча ва бозор, бисёр масъалаҳое, ки мо имрӯз дар сари баёни ӯ ҳастем, шарҳ намеёбад. Барои ин ки «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷ ад», яъне ҳам забон содда шавад, ҳам муддао адо ёбад, бисёр кӯшишҳо ва ҷустуҷӯйҳо ба кор бурдан даркор аст»
«Ин ҳам муқаррар аст, ки барҳақ менависад Айнӣ, ин вазифа танҳо аз дасти чанд нафаре, ки дар нашриёт ва матбуоти тоҷик хидмат мекунанд ва китобҳои тоҷикиро тарҷима ва таҳрир менамоянд, намеояд. Барои ба хубӣ адо ёфтани ин вазифа ёрӣ додани ҳамаи аҳли қалами тоҷик, хусусан муованати муҳаррир ва мухбирони рӯзномаҳо даркор аст». «Умед аст, ки, – хотима мебахшад устод Айнӣ дар ин мақолааш, – нависандагон ва мухбирони «Овози тоҷик» ба шарафи ҷашни дусолаи рӯзномаи худ ин вазифаро вазифаи муқаддас дониста ба гардан гиранд».
Устод Айнӣ барои интишори асарҳои худ аз маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ва рӯзномаи «Овози тоҷик» пурсамар истифода бурданашро низ қайд кардааст. Бино ба нақли вай як қисми калони повести «Одина» дар солҳои 1924-1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп шуда будааст.
Устод дар мақолаи дигараш «Танвири афкор» мегӯяд, ки барои расидан ба мақсади инкишофи мактабу маориф «ҳама якдилу якзабон шуда, чанг ба домони рӯзнома занем, яъне ҳеҷ фурсатро аз даст надода ба воситаи рӯзномаҷот фикри худро танвир ва маълумоти худро тавсеъ намоем. Ба воситаи афкори соибае, ки аз матбуот мегирем, хатти ҳаракати ҳозираи худро муайян ва роҳи истиқболи худро равшан созем». Ва даъват менамояд, ки «Бародарон! Ҳар ҳафта як соат умратонро ба хондани ин рӯзнома («Шуълаи инқилоб»-ро дар назар дорад – Ш.С.) сарф кунед, ба қадри иқтидоратон аз ҷаридае, ки ба забони худатон нашр мешавад, истифода намоед, дар бадали ин як соат, умре, ки ба бехабарӣ гузарондед, талофӣ намоед. Ҳар фоидае, ки аз рӯзнома мегиред, бо бародарони бесаводатон бо ҳам бинед. То ки худатон ва ҳамзабонони худатонро танвири афкор ҳосил ояд...
Имрӯз ин гуфтаҳои ҳикматомези устод Садриддин Айнӣ барои ҳар як инсони ҷамъияти мо бисёр муҳиманд. Фақат чуноне ки устод сад сол пеш орзу дошта буданд, мо он орзуро ҷомаи амал бипӯшонем, кофист!
Устод дар мақолаи «Сайфу қалам» лоқайд будани мардуми форсизабони Туркистонро дар мавриди мутолиаи рӯзномаю маҷаллаҳо зери тозиёнаи танқид гирифта бо алам менависад, гарчанде як сол аст, ки маҷмуаи «Шуълаи инқилоб» нашр мешавад, аз шаҳри Самарқанд иддае хонанда дорад, ки эшон низ ба воситаи саъю кӯшиши саркорони ҳукумат ва фирқа ба майдон омадаанд. Аз соири аҳолии форсизабонон, ки дар Ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ғайра ҳастанд, асари таваҷҷӯҳе надидаем...Гумон меравад, ки мо хонандаро барои таъмини масорифи маҷмӯа мехоҳем, не! ... Ба идораи рафиқамон «Меҳнаткашлар товуши» аз ҳар тарафи вилояти Самарқанд, ҳатто аз соири нуқот, кам ҳам бошад, асари таваҷҷӯҳ ва мукотиба ба миён меояд. Чунончи, аз Андиҷон ва Намангон, Авлиёота ва Туркистон мактубҳо, хабарҳо ва мақолаҳо мерасад. Аммо ба маҷмӯаи мо аз ягон нуқоти форсизабонони Туркистон мактубе ва хабаре наёмадааст. Ин камоли беэътиноии ҳамзабонони моро нишон медиҳад. Ҳамин мавзӯъро устод дар мақолаи «Масъалаи маориф ва китоб» низ мавриди муҳокима ва мунозира қарор додааст.
Яке аз асарҳои мукаммал ва арзишманди устод Айнӣ оид ба ислоҳот ва мактабу маорифи ҷадид албатта «Таърихи инқилоби Бухоро» (соли 1921 ба ӯзбекӣ нашр шудааст) ба шумор меравад. Яке аз бобҳои он ҳам «Аввалин мактаби усули нав (ҷадида) дар Бухоро» ном дорад. Дар ин китоби таърихӣ устод дар бораи таъсис ёфтани аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар кишвар бо номи «Бухорои шариф» (11 марти соли 1912) ва нашри ӯзбекии он «Тӯрон» (14 июли соли 1912) муфассал сухан рондааст. Бино ба қайди ӯ «Бухорои шариф» аз рӯзҳои аввали нашр диққати хонандагонро ба худ ҷалб кард. Мирзо Ҷалол (Мирзо Ҷалол Юсуфзода барои адои вазифаи муҳаррирӣ аз Боку даъват шуда буд – Ш.С.) дар ҳар шумора мақолаҳои муассири фасеҳу балеғе навишта, дардҳои умумии моро кушода, ба онҳо давоҳо нишон медод».
Аммо, мутаассифона, ин рӯзномаҳо умри кӯтоҳ диданд, моҳи январи соли 1913 фаъолияти худро бас намуданд.
Ба ин муносибат устод Айнӣ бо дард навишта буд:
Рафтӣ, зи кӣ пурсем
кунун солеҳу фосид,
Рафтӣ, зи кӣ ҷӯем кунун
аз ҳақу бутлон?
Боз о, ки мушавваш
нашаванд ин ҳама
мардум,
Боз о, ки парешон
нашаванд ин ҳама
инсон!
Сипас муаллиф аз таъсири неки ин рӯзномаҳо бисёр бо мамнуният ҳарф задааст: «Ин ду газета дар умри даҳмоҳаи худ зиёда аз умед таъсир бахшиданд...Ба мағзи ҷавонон фикри хондан, қалам ва адабиётро ҷойгир карданд, ба хотири падарон ва модарон хаёлҳои тарбия ва хонондани бачагонро оварданд. Дар шумораҳои охирини «Бухорои шариф» бо имзоҳои гуногун аризаҳои хонандагони мадраса дар бораи ислоҳи тарзи таълим чоп шуда буд» ва ҳоказо.
Тавре ки эҳсос намудед, устод Садриддин Айнӣ дар ибтидои асри ХХ воқеан дар ҷодаи ислоҳоти ҷомеаи аморат ва берун аз он бо ҳаммаслаконаш камари ҷаҳдро маҳкам баста, дар ин роҳ заҳмат ва ранҷи зиёд кашидааст. Ғамхориҳо ӯро дар бобати таъсис додану тарғиб намудани матбуоти тоҷик низ аз далелҳои фавқуззикр дарк кардан мушкил нест.
Шоқаҳҳор САЛИМОВ,
узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.