САҲИФАИ НАВ ДАР МУБОРИЗА ЗИДДИ САРАТОН

Таассуфовар аст, ки бо вуҷуди тараққии тиббиёт на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар миқёси дунё бемории ниҳоят хавфнок ва душвортабобати онкологӣ – саратон афзоиш меёбад.

Бино ба маълумоти оморӣ яке аз ҳар чаҳор нафари фавтидагон хастагони ҳамин беморӣ мебошанд.
Аз ин рӯ бо фармони сарвари давлат дар тамоми шаҳру вилоятҳои кишвари  мо шуъбаҳои маркази махсуси тиббии илмию амалии онкология ва радиологияи ҷумҳурӣ ташкил ёфтанд.
Мо бо чунин саволҳо ба директори шуъбаи самарқандӣ, номзади фанҳои тиббиёт Фирдавс Ӯлмасов муроҷиат намудем.
– Вазифаи таъхирнопазири ин шуъбаҳо аз чиҳо иборатанд?
– Аввало бояд таъкид кард, ки ташкил намудани чунин шифохонаҳо барои пешгирӣ ва табобати ин бемории ниҳоят вазнин айни муддаост, – гуфт Фирдавс Ғайратович. –  Барои ҳамин ҳам ҷамоаи мо бо кумаки дастгоҳҳои замонавӣ алайҳи варам, яъне бо ибораи тиббӣ – омоси бадасл (злокачественная опухоль) муборизаи шадид мебарад.
– Аҷиб, ин омоси бадасл чӣ хел пайдо мешавад?
– Омос ташкилаи нави патологии бофтаест, ки аз ҳуҷайраҳои сифатан тағйирёфта иборат аст. Он бештар аз бофтаҳои апители (саратон) пайвасткунанда инкишоф меёбад ва дар тиббиёт номҳои гуногун дорад. Масалан, омоси бофтаи мушак – миома, устухон – остеома, асаб – нервома, равған – липома ва ғайра меноманд. Сабзиши ҳуҷайра ё бофта дар омос аз дигар амалиёте, ки боиси ҳаҷман калон шудани бофта ва ё узвҳо мегарданд, фарқ мекунад. Бояд тазаккур дод, ки омосҳо ду хел – бадасл ва некасл мешаванд. Омосҳои некасл бо парда иҳота шудаанд ва ба қисмҳои дигари бадан паҳн намешаванд, ҳамчунин баъди табобат аз нав ба вуҷуд намеоянд. Аммо бадаслашон бофтаҳои атрофро ҷабида вайрон мекунанд, ба воситаи лимфаю хун ба узвҳои дигар паҳн шуда, онҳоро иллатнок месозанд. Омоси некасл баъди пайдо шудан ба гузашти айём ба омоси бадасл мубаддал шуда метавонад. 
Дар тиббиёт оид ба сабабҳои пайдоиши омос назарияҳои гуногун мавҷуданд, ки дар байни онҳо назарияи вирусию генӣ бештар маъмул аст.
Омосро бо усулҳои ҷар-роҳӣ, биохимия, нур ва ғайра табобат мекунанд. Аммо барои бо муваффақият гузаштани табобат ташхиси бармаҳали он аҳамияти муҳим дорад. Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ ҳар сол дар дунё ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 ҳазор 130–140 нафар ба саратон гирифтор мешаванд. Он, мутаассифона, дар мамлакати мо низ сол то сол афзоиш меёбад. Қарори Президент аз 4 апрели соли 2017 «Доир ба чораҳои солҳои 2017-2021 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ривоҷу такмил додани хидмати онкологӣ ба аҳолӣ» барои пешгирии ин бемории хавфнок дар Самарқанд низ корҳои ибратбахш ба фарҷом мерасанд. Дар натиҷаи ташхис ва корҳои тарғиботӣ маълум гардид, ки дар байни занҳо алалхусус саратони сина бештар ба назар мерасад, ки сабабҳои гуногун дорад. Аз ҷумла, ба кӯдак аз сина шир надодан, нур гирифтан, шамол хӯрдан, ба қоидаҳои гигиенӣ риоя накардан ва ғайра... Вале асоси он иллат ёфтани ғадуди шир, яъне мастит аст. Дар Ҷопон мардум бештар ба саратони меъда гирифторанд. Дар Африқо саратони пӯст ривоҷ ёфтааст, ки ба он нури офтоб сабабгор мебошад.
– Агар сир набошад, мегуфтед, ки ҳоло дар вилояти Самарқанд чанд нафар ба бемории саратон гирифторанд?
– Айни ҳол беш аз 10 ҳазору 800 бемор ба қайд гирифта шудаанд, ки танҳо дар шаш моҳи охир аз онҳо 653 нафар вафот карданд. Воқеан, дар ноҳияҳои Ургут, Нуробод ва шаҳри Самарқанд нишондиҳандаи бемории онкологӣ бештар мебошад. Ин шаҳодати дар ин минтақаҳо суст будани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва авҷ гирифтани лоқайдиву беэътибории мардум аст.
Вақте, ки ман ба Олмону Ҷопон сафар доштам, шоҳиди он шудам, ки аҳолӣ дар ҳар шаш моҳ як маротиба аз назорати табибон мегузаранд. Ана барои ҳамин ҳам танга барин дард табақ барин намешавад. Охир, илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ, гуфтаанд.
– Суҳбатро доир ба ҳамкорӣ бо ҳамкасбони хо-риҷӣ идома медодед.
– Бо сиёсати дурандешонаи сарвари давлатамон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо мамлакатҳои олам густариш ёфтанд. Ба табобатхонаи мо аз Русия, Туркия, Ҷопон, Чин, Исроил, Ҳиндустон ва дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамкасбон ташриф фармуданду мо якҷо амалиёти ҷарроҳӣ гузарондем, ки инро таҷрибаомӯзӣ низ гуфтан мумкин аст. Зеро ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад. Имом Ғаззолиро пурсидаанд: «Чӣ гуна расидӣ бад ин мақом дар улум?». Гуфт: «Ҳар чӣ надонистам, аз пурсидани он шарм надоштам». Оре, «Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд, ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд».
Боз як навид он аст, ки бо кумаки Бонки исломии рушд ба қимати 121,8 миллион доллар 126 хел асбобу анҷомҳои замонавии тиббӣ харид кардем. Ин дар навбати худ имкон дод, ки на фақат ба шаҳрвандони вилояти Самарқанд, балки Қашқадарё, Ҷиззах ва ҳатто Тоҷикистону Афғонистон хидмати тиббӣ расонем.
Қобили зикр аст, ки бо дастгирии ҳокими вилоят бино ва ҳамаи ҳудуди собиқ таваллудхонаи рақами савуми шаҳри Самарқанд, ки ҳамсоядевор будем, ба ихтиёри мо гузашт. Ҳоло 210 кати табобатӣ, поликлиника дар тасарруфи мо буда, 94 нафар шифокорон ва беш аз 300 ҳамшираи шафқат посбонони саломатӣ ҳастанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
 «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: