Дар кишвари мо ба таълим ва тарбияи кӯдакони маъюб эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Ин тоифа кӯдакон ҳамеша зери назорат ва ҳимояи давлат қарор доранд. Ба ин мақсад муассисаҳои тахассусонидашуда таъсис ёфтаанд.
Дар вилояти Навоӣ низ ду муасисаи тахассусонидашуда барои кӯдакони доираи имконияташон маҳдуд фаъолият доранд. Муассисаи таълими томактабии рақами 16 дар шаҳри Навоӣ ва муассисаи таълими томактабии «Умид» дар шаҳри Зарафшон ҷойгир шудаанд. Муассисаҳои мазкур 180 нафар кӯдакони аз ду то ҳафтсоларо фаро гирифтаанд.
Дар муассисаи давлатии тахассусонидашудаи рақами 16 кӯдакони узвҳои шунавоиашон, рӯҳияташон ва биниши чашмонашон нуқсдор таълиму табобат мегиранд.
Дар муассиса барои таълимгирандагон хобгоҳ, хонаҳои табобатӣ ва шустушӯй мавҷуданд. Ба тарбиягирандагон 41 нафар омӯзгор, 8 нафар корманди соҳаи тибб ва 21 нафар тарбиячиён таълиму тарбия медиҳанд, кумаку меҳрубонӣ мекунанд. Кӯдакони маъюб ҳамеша зери назорати табибон буда, корҳои профилактикӣ мунтазам анҷом дода мешавад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.