Шумораи сокинони доимии республикаи мо назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 фоиз афзуд.
Дар ин бора Агентии омор хабар дод.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 1 июли соли равон шумораи аҳолии доимии ҷумҳурии мо 37 миллиону 134 ҳазору 200 нафарро ташкил дод.
Аҳолии кишвари мо аз аввали соли 2024 334,5 ҳазор нафар ва ба ҳисоби миёна ҳар моҳи соли ҷорӣ 55,7 ҳазор нафар афзоиш ёфт.
Ҳар рӯзи соли 2024 шумораи сокинони доимӣ 1,8 ҳазор нафар меафзояд.