Бузургтарин ваксинаистеҳсолкунандаи Ҳиндустон, Институти серуми Ҳиндустон (SII) нақша дорад, ки то охири сол ваксина бар зидди вируси Mpox (номи нави обилаи маймунӣ) тавлид кунад.
Мо барои сохтани ваксина бар зидди ин беморӣ кор карда истодаем. Мо умедворем, ки то охири соли ҷорӣ натиҷаи мусбат ба даст хоҳад омад, нашрия иқтибос аз директори SII Адар Понавалла овардааст.
Тибқи иттилои нашрия, Институти миллии вирусология дар Пуне ба муассисаи пешбари тиббии кишвар дар омӯзиши намунаҳои Mpox табдил ёфтааст, ки дар соли 2022 дар Ҳиндустон 30 ҳолати обилаи маймунро ба қайд гирифтааст.
Қаблан ҳукумати Ҳиндустон ба далели хатари хуруҷи mpox дар фурудгоҳҳо, бандарҳои баҳрӣ ва марзҳо бо Бангладеш ва Покистон ҳушёриро афзоиш дода буд.
Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ дар моҳи июли соли 2022 эпидемияи обилаи маймунро ҳамчун ҳолати изтирории байналмилалӣ эълон кард. Охирин ҳодисаи сирояти Mpox дар Ҳиндустон моҳи марти соли 2024 ба қайд гирифта шуда буд. Ба гуфтаи идораи Сарвазир Нарендра Модӣ, дар ҳоли ҳозир дар Ҳиндустон ягон ҳолати гирифторӣ ба обилаи маймун вуҷуд надорад.