Паҳлавонони ватании гӯштии юнонию румӣ чемпионати ҷаҳонро бо 6 ҷоиза ба анҷом расонданд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон оид ба гӯштии юнониву румӣ ширкаташро дар мусобиқоти чемпионати ҷаҳон дар Иордания анҷом дод.

Дар чаҳорчӯби рӯзи мусобиқоти охирин чаҳор намояндаи мо барои ҷои 3-юм мубориза бурданд ва ғолиб омада, хазинаи ҳайатро бо медалҳои биринҷӣ пурра карданд.

Медали биринҷӣ:

-45 кг: Умидҷон Каромов

-60 кг: Фаррух Юлдошев

-71 кг: Беҳрӯзбек Валиев

-92 кг: Фахрикамол Комилҷонов

Ҳамин тариқ, паҳлавонони юнониву руми мо тавонистанд бо 1 ҷоизаи нуқра ва 5 биринҷӣ мусобиқотро ба анҷом расонанд.

Ба туфайли ин нишондод варзишгарони ватанӣ аз рӯи миқдори хол дар мусобиқаи командавӣ ҷои дуюмро ишғол карданд. Пагоҳ мусобиқа байни гӯштингирони тарзи озод оғоз меёбад.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: