Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тошканд омада, ҳамроҳии Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ба маҷмааи ёдгории Ҳайдар Алиев рафт.
Ин маҷмаа, ки бо ташаббуси роҳбари давлатамон бунёд ёфтааст, дар ҷараёни сафари Президенти Озарбойҷон ба кишвари мо моҳи июни соли 2022 кушода шуда буд.
Меҳмони олимақом ба пояи муҷассама гулчанбар гузошта, хотираи арбоби маъруфи сиёсӣ ва давлатӣ, асосгузори Озарбойҷони соҳибистиқлол Ҳайдар Алиевро пос дошт.