Нахустин чемпиони Бозиҳои тобистонаи олимпии 33-юм дар Париж – Диёра Келдиёрова, ки соли гузашта бо дзюдочӣ Азамат Матяқубов ақди никоҳ карда, ба Хоразм кӯч баста буд, ба зодгоҳаш – ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд омад.
Барои пешвози қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ хешу табор, ёру дӯстон, мухлисону варзишгарон ҷамъ омаданд.
Албатта он лаҳза хурсандии ҳозирон интиҳо надошт. Ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов ва сардори садорати варзиши вилоят Шуҳрат Рӯзиев Диёраро бо медали тилло табрик гуфта, аз номи ҳокими вилоят мактуби миннатдорӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.
Сипас Диёра ба минбар баромада, ба ҳамдиёрони худ ва варзишгарон барои дастгирӣ арзи сипос намуда, таъкид кард, ки баъди ба шоҳсуфаи баланд баромадан ва соҳиби медали тилло шудан бо Сарвари давлатамон тавассути телефон суҳбат ороста, табрикоту миннатдории Президентро бо ҳаяҷону ифтихор шунидааст.
Вохӯрӣ бо табрик ва таманнои комёбиҳои нав ба поён расид.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.