САМАРҚАНД — МИЗБОНИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

Имрӯзҳо бори аввал дар кишвари мо — дар канали қаиқронии шаҳри Самарқанд чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронии байдарка ва каноэ идома дорад.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки таҳти ҳамкории Кумитаи олимпии миллии ҷумҳурӣ, Федератсияи Rowing&Canoe, Федератсияи байналмилалии каноэ бо мақсади мустаҳкамсозии муносибат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи варзиш, баланд бардоштани нуфузи ҷаҳонии Ӯзбекистон доир мегардад, беш аз 400 варзишгар аз 57 мамлакати ҷаҳон иштирок доранд.
Ёдовар мекунем, ки мусобиқа 25 август анҷом меёбад.

Хидмати матбуоти Садорати 
варзиши вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: