БА ИФТИХОРИ 100-СОЛАГИИ РӮЗНОМАИ «ОВОЗИ ТОҶИК»

МИНБАРИ ТАРҒИБИ АРЗИШҲО

Ҳаёти шахсӣ ва муносибати ниёгони бузургамон ба арзишҳои башарӣ баҳри тарбияи ҷавонон – бунёдкунандагони Ӯзбекистони Нав, инчунин ҳаммаслакию ягонагии маънавияти халқҳоямон хидмат мекунад.
Дар Ӯзбекистони Нав дар асоси арзишҳои умумиинсонию миллӣ инкишоф додан ва мустаҳкам намудани маданияти маънавӣ масъалаи муҳимтарини рӯз ба шумор меравад. Асоси мафкураи миллии Ӯзбекистони Навро тамоюли «қадри инсон» ташкил намуда, вай эҳтиром ва ҳифзи манфиатҳои қавму миллатҳои маскуни онро тақозо мекунад. Маълум аст, ки имрӯз дар мамлакати мо беш аз сад миллату халқият чун фарзандони як оила аҳлу тифоқ умр ба сар бурда, баҳри мақсади ягона – ривоҷу равнақи Ватан хидматҳои арзанда мекунанд. Хусусан, қавми тоҷик  бобати тараққиёти Ватан, якдилию дӯстӣ, ҳаммаслакию ҳамзистӣ ба дигарон намуна аст. Таъкид кардан мехостам, ки дар ин равия рӯзномаи Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон – «Овози тоҷик» нақши муҳим дорад. Ин рӯзнома дар давоми фаъолияти як аср бо номҳои гуногун интишор ёфта, чун аслиҳаи тавонои тарғиботии давру замон, илҳомбахш ва сафарбаркунандаи хонандагонаш сӯйи мақсадҳои олӣ, инчунин байрақбардори дӯстии халқҳо дар мамлакатамон мақоми махсус дорад. 25 августи соли ҷорӣ «Овози тоҷик» 100 - сола мешавад. Ба ин муносибат ҳайати таҳририя, аҳли қалам ва мухлисони сершумори рӯзномаро бо  табрику таҳният менамоям. Ба эҷодкорони он саломатӣ, хотири ҷамъ ва комёбиҳои беназир  мехоҳам.

Абера ҲУСЕЙНОВА,
узви Сенати Олий Маҷлис, 
вакили минтақавии Омбудсман дар 
вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: