Рӯзномаи «Овози тоҷик», ки як аср пеш аз ин аз тарафи маърифатпарварони пешқадам ташкил ёфт, бахусус, дар солҳои истиқлол ба давраи нави таърихи худ қадам гузошт.
Ба маънои том, ба оинаи ҳамҷиҳатӣ, таҳаммулпазирӣ, осудаҳолии байни миллатҳои мамлакатамон ва ба овози озоди ҳамдиёрони тоҷику тоҷикзабонамон табдил ёфт.
Ахбор дар ҳар замону макон сармояи пурарзиш шуморида мешавад. Аз таърих бармеояд, ки хабарҳои хуше, ки бо роҳу усулҳои гуногун паҳн мешуданд, қалбу шуури одамонро тағйир дода, ҳатто ояндаи баъзе аз халқҳоро низ дигар намудааст. Тавре ки шоир ва мутафаккири ӯзбек Алишери Навоӣ фармудааст: «Агар огоҳ ҳастӣ, шоҳ ҳастӣ, агар шоҳ ҳастӣ, огоҳ ҳастӣ».
«Овози тоҷик» аз он ҷиҳат низ аҳамиятнок аст, ки иттилооти озоди фарҳангиву маърифатии аҳли тоҷиктабори кишварро таъмин месозад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайд шудааст, ки шаҳрвандони кишвар новобаста аз эътиқоди динӣ, нажод ва забон соҳиби ҳуқуқи дарёфти ахбори озод ва таълим ба забони модарӣ мебошанд. Мувофиқи чунин меъёри Сарқонун, ҳукумати кишвар ҷиҳати ба забони модарӣ гирифтани таълим ва иттилооти озод барои намояндагони миллатҳои гуногуни мамлакатамон ҳамаи шароитро муҳайё месозад.«Овози тоҷик» ҳамчун таҷассумгари сиёсати одилонаи ҳукумат дар таъмин намудани аҳолӣ бо ахбори зарурӣ, инчунин, ҷараёни ислоҳоти татбиқшаванда, фармонҳои роҳбари давлат, қарорҳои Девони Вазирон ва таъмини иҷрои қонунҳои дахлдор ҳиссаи муносиб мегузорад, ки хеле хурсандиовар аст.
Ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавию маърифатие, ки дар солҳои Истиқлол дар мамлакатамон амалӣ гардиданд, дар соҳаи матбуот низ тағйироти мусбатро ба вуҷуд овард. Масъалаҳое, ки бо услуби нав дар мақолаҳои таҳлилӣ, ахбор, шарҳ, тақриз, бадеиву публитсистии «Овози тоҷик» акси худро ёфтаанд, ба қоидаи аслии журналистика — тамоюли фаврӣ ва шаффофӣ риоя карда мешавад. Ҳамаи ин барои қонеъ гардондани ниёзҳои фарҳангӣ, маърифативу таълимии шаҳрвандони тоҷики кишвар хидмат мекунад. Солҳои охир журналистони фидоии ин рӯзнома, ки вазифаи пули дӯстии азаливу абадии халқҳои Ӯзбекистону Тоҷикистонро иҷро менамояд, бесабаб бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз нагардидаанд.
«Овози тоҷик», ки садсолагии нахустнашри худро ҷашн мегирад, аз неъмати истиқлол баҳраманд шуда, ба дастовардҳои зиёди эҷодӣ ноил мегардад ва инчунин, ба афзудани меҳру муҳаббат, садоқат ва ифтихори муштариён нисбат ба Ватани ҷонаҷон ҳиссаи муносиби худро мегузорад. Ба аҳли ҷамоаи рӯзнома дар ин роҳи пурмашаққат ва дар айни ҳол пуршараф комёбиҳо хоҳонам.
Ӯткир РАҲМАТ,
сармуҳаррири рӯзномаҳои «Халқ сӯзи» ва
«Народное слово».