(Охири солҳои 20-уми асри гузашта)
Ба низоми муайян даровардани ҷараёни кори таълим дар ҳама давру замон вазифаи муҳимтарини ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии давлат ва давлатдорӣ буд ва хоҳад монд. Рушди ҳаёти иқтисодӣ-сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, пойдории давлатдорӣ ба саводнокии мардум марбут аст. Соли 1924 дар натиҷаи таъиноти ҳудудию миллии ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва дар ҳайати он Ҷумҳурии Сотсиалистии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ин минтақа қисми зиёди аҳолии таҳҷойӣ бесавод буд. Ҳатто хондану навиштанро намедонистанд. Саводноккунонии аҳолии бесавод масъалаи муҳими сиёсати давлатӣ буд. Дар ҳаллу фасли ин мушкил мақом ва мавқеи рӯзномаи «Овози тоҷик» андоза надорад.
Дар мақолаи мазкур инъикоси масъалаҳои маҳви бесаводӣ, мактабу маориф, мақоми чойхонаи сурх, қироатхонаҳо дар заминаи мақолаҳои «Овози тоҷик» баррасӣ мешаванд.
Аз рӯзи аввали барпо гардидани Ҳокимияти шӯравӣ дар ҳудуди Туркистон ба масъалаи маориф ва низоми таълиму тарбия диққати махсус дода мешуд. Моҳҳои март ва апрели соли 1918 тибқи қарори намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд дар ин шаҳр ва дигар ноҳияҳои минтақа Шӯроҳои маорифи халқ ташкил шуданд, онҳо дар таъсиси мактаби нав, таълими ҳатмии бачагон ва маҳви бесаводӣ нақши муносиб гузоштанд.
Қарори Кумитаи иҷроияи марказии Туркистон ба тараққиёти минбаъдаи мактабҳои нав ва маҳви бесаводӣ мусоидат намуд. Мувофиқи он шӯроҳои маҳаллӣ вазифадор гардиданд то ҳамаи биноҳоеро, ки барои эҳтиёҷоти соҳаи маориф сохта шудаанд, новобаста аз тобеияташон ба ихтиёри шӯроҳои маҳаллии маорифи халқ вогузоранд. Барои дар амал татбиқ намудани қарори мазкур дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани чунин биноҳо комиссияи махсус ташкил ёфт.
Баъди тақсимоти сарҳадҳои миллии Осиёи Миёна бо мақсади танзими кори маориф Комиссариати маорифи халқи ҶХШС Тоҷикистон ташкил гардид. Аввалин Комиссари маориф Аббос Алиев ва ҷонишини ӯ Абулқосим Лоҳутӣ буданд. Комиссариати маорифи халқ фаъолияти худро барои ба меҳнаткашони ҷумҳурӣ фаҳмонида додани моҳияти мактаби нави шӯравӣ, ташкилу рушду нумӯи он, таълиму тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ, ҷалб намудани наврасон ба мактаб, мубориза барои маҳви бесаводӣ равона карда буд. Деҳқонон фарзандони худро ба мактаби нави шӯравӣ намедоданд. Бо мақсади ҷалб намудани фарзандони меҳнаткашон ба мактаби шӯравӣ Комитети инқилобии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имтиёзу бартарии оилаҳое, ки фарзандонашон дар мактаби нави шӯравӣ мехонанд» қарор қабул кард. Мувофиқи он падару модароне, ки фарзандони худро бидуни мамониат ба мактаби нави шӯравӣ мефиристоданд, аз давлат ёрдампулӣ, тухмӣ, масолеҳи сохтмон мегирифтанд ва аз андози замин озод мешуданд.
Ҳукумат оид ба ташвиқу тарғиби мактаби нав дар байни аҳолӣ истифодаи натанҳо маблағи давлатӣ, балки дар ин кор ба ҳиссагузории мардум суръат бахшид. Деҳқонон дар кори сохтмони мактабҳои нав кӯмаки моддиву амалӣ мерасониданд. Шумораи мактабҳо ва хонандагон сол аз сол меафзуд.
Ҳамчунин ҳокимияти шӯравӣ аз низоми маорифи куҳна васеъ истифода бурд. Мактабҳои куҳна барҳам дода нашуданд, баръакс, шумораи онҳо афзуда, аз ҷониби давлат ба расмият дароварда шуданд. Муллоҳо – муаллимони онҳоро аз буҷаи маориф бо маош таъмин мекарданд, Мактабҳои куҳна ва муаллимони онҳо – муллоҳо низ дар маҳви бесаводӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Агар шумораи мактабҳои шӯравиро бо мактабҳои кӯҳна муқоиса кунем, чунин натиҷа мегирем: дар шимоли Тоҷикистон дар соли хониши 1923-1924 ба ҳар як мактаби шӯравӣ 82 мактаби куҳна ва ба як талабаи мактаби шӯравӣ 30 талабаи мактаби куҳна рост меомад. Шумораи мактабҳои куҳна то соли 1924-ум 2477 ва мактабҳои шӯравӣ бошад, 31 ададро ташкил медод.
Синфҳо ба духтаронаю писарона ҷудо буданд. Мактабҳо дузинагӣ буданд, яъне ду дараҷа доштанд. Мактабҳои дараҷаи аввал кӯдакони 8-13 сола ва дараҷаи дуюм наврасони 13-17 соларо дар бар мегирифт. Ин ҳама дигаргуниҳо дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» инъикоси худро ёфтааст ва муаллифони мақолаҳо дақиқназарона таҳлил мекарданд. Доир ба вазъи мактабҳои Бухоро, Самарқанд, Қашқадарё ва дигар минтақаҳо дар мақолаҳои пешин ибрози андеша намудаем. Инак таҳлили умумии масъала ба хонанда пешбарӣ карда мешавад.
Дар рӯзнома зери рукни «Дар майдони маориф ва маданият» доир ба ҷараёни таълим ва тарбия, маҳви бесаводӣ мақолаҳо дарҷ мегардиданд. Хабарнигори фаъоли рӯзномаи «Овози тоҷик» дар округи Бухоро Б. Икромӣ вазъи мактабҳои дараҷаи якуми округро муфассал шарҳ додааст.
«Мактабҳои дараҷаи якуми округи Бухоро аз тарафи маорифи округ тафтиш карда шуд. Дар натиҷаи тафтиш якчанд кӯтоҳиҳо дида шуда бошад ҳам, лекин назар ба соли гузашта хеле тараққӣ кардааст. Дар округи Бухоро шумораи умумии мактабҳои дараҷаи якум 129 адад, барои ӯзбекон 24 адад мактаб буда, боқӣ моли миллатҳои майда, ки аксарияташонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Шумораи шогирдони ин мактабҳо 5944 нафар буда, аз он 981 нафараш духтар аст... 574 нафар аъзои комсомол ва 2249 нафар пешоҳанг ва хурдтаринҳо октябрят мебошанд».(«О Т.», № 242, аз 9 июли соли 1928).
Дар ҳар як хабару мақола кӯтоҳиҳои кори шуъбаҳои маориф нишон дода мешуданд. Дар мақолаи фавқ Б. Икромӣ бештар ба мактаб ҷалб кардани духтарон ва хуб ба роҳ мондани алоқа бо ташкилотҳои маҳаллиро таъкид карда бошад, Акмал Аминзода аҳволи умумии шуъбаи маорифи ноҳияи Ховосро чунин шарҳ медиҳад: »Соли 26-27 дар миқёси район 21 нафар муаллим, 270 нафар талаба мавҷуд буд. Соли 27-28 25 нафар муаллим, 825 нафар талаба, маълум шуд, ки 80-90 фоиз талаба афзудааст», вале муаллиф «камқувватӣ (камсаводӣ ё худ бесаводӣ – Ӯ. Р.)-и бисёр муаллимон» («О Т.», № 243, аз 12 июли соли 1928) ёдрас намудааст, зеро онҳо ба корҳои таълим ва маориф ошно нестанд.
Вазъияти мактабҳои нави шӯравӣ хуб набуд. Муаллимони босавод кам буданд. Ба онҳо дониш ва маҳорат намерасид. Ин ҳама кормандони рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро бетараф намегузошт. Онҳо ҳамеша пайи рушди кори маориф саъй доштанд. Камбудиҳои соҳаи таълимро ошкоро ба риштаи танқид мекашиданд. Мақолаи «Масъалаи маорифи мо» («О Т.», № 246 аз 23 июли соли 1928) ҷолиби диққат аст. Муаллиф масоили маорифро дар ҶШС Ӯзбекистон таҳлил ва баррасӣ намудааст: «Худи ман дар Тошканд, Бухоро ва Андиҷон ба якчанд мактабҳо будам ва дар ҳамаи онҳо ҳаминро дидам, ки синфҳо холӣ, ба ҷойи 40-50 нафар талаба 10-20 нафар мавҷуд аст. Муаллимон дар ҷояшон нестанд, баъзешон касал шуда ва баъзешон ба ҷойи дигар рафтаанд, корҳои хондан ба дараҷаи лозимӣ нест». Камсаводии муаллимон ва беэътибории Комиссариати маорифи халқ низ зери тозиёнаи танқид гирифта мешуд. »Агар ба дараҷаи маълумот ва илми муаллимон шинос шавем, чала будани тайёрии 90 фоиз аз онҳоро ба таълим додан қодир набуданашонро, на ба мактаб муаллимӣ кардан, балки лозим будани хондани худашонро мебинем.
Муаллими камсавод ... бузургтарин камии мактабҳо буда, дар бораи дигар кардани онҳо корҳои амалии Комиссариати маориф хеле кам аст. Ошкоро гуфтан лозим аст, ки бо муаллимони ҳозира дар Ӯзбекистон бесаводиро на ин ки дар муддати 10 сол, балки зиёда аз он муддат ҳам нест кардан мумкин нахоҳад шуд».
Бо вуҷуди ин ҳама, дар соли хониши 1927-1928 ҳамагӣ 5-6 фоиз ва дар соли хониши 1928-1929-ум 21,3 фоиз бачагони синни мактабӣ ба таълим фаро гирифта шуда буданд. Соли таҳсили 1928-1929 миқдори мактабҳои шӯравӣ ба 317 адад ва шумораи талабагонаш ба 12 395 нафар расид, вале ин миқдор нисбат ба мактабҳои куҳна хеле кам буданд. Ин ҳам гувоҳи он аст, ки майли падару модарон ҳанӯз ҳам бештар ба мактабҳои усули куҳна нигаронида шудааст. Бинобар ин соли 1929 мактабҳои усули кӯҳнаро барҳам доданд. Ба ҷойи онҳо мактабҳои нави шӯравӣ бунёд карданд.
Дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» моҳият ва вазъи мактабҳои маҳви бесаводӣ хуб таҳлилу баррасӣ гардидааст. Ба мактабҳои маҳви бесаводӣ мардуми аз 17 сола боло ҷалб карда мешуданд. Мақсад аз таъсиси ин мактабҳо ёд додани хондану навиштан ба хонандагон буд. Мактабҳои маҳви бесаводӣ одатан шабона кор мекарданд. Ба ин масъала низ эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Агар соли таҳсили 1925-1926 дар 63 мактаби маҳви бесаводӣ 1496 нафар калонсолон савод омӯхта бошанд, пас дар соли таҳсили 1927-1928 миқдори чунин мактабҳо ба 241 адад ва шумораи толибилмони онҳо ба 7400 нафар расид ва соли таҳсили 1928-1929 миқдори мактабҳо ба 314 ва саводомӯзон ба 84 ҳазор нафар расонида шуд.
Дар маҳви бесаводӣ ва саводнокгардонии аҳолӣ мақом ва мавқеи чойхонаи сурх бузург аст. Дар ин гуна чойхона корҳои маърифатӣ-сиёсӣ бурда мешуд. Чойхонаҳои сурх ҷойҳои серодами истироҳатӣ буданд. Дар чойхонаҳо «Гӯшаҳои сурх» таъсис доданд.Дар ин гӯшаҳо рӯзнома, маҷаллаву китобҳо гузошта мешуданд ва суҳбатҳо, рӯзномаву китобхониҳо сурат мегирифт. Мавзӯи суҳбатҳо аз фаҳмонда додани моҳияти ҳокимияти шӯравӣ иборат буданд.
Фаъолияти чойхонаҳои сурх дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» васеъ тарғиб гардидааст. Хабарнигорони рӯзнома кӯтоҳӣ ва камбудиҳои фаъолияти чойхонаҳои сурхро ошкоро зери тозиёнаи танқид гирифтаанд. Хабарнигори рӯзнома бо имзои мустаори «Йо» «Аҳволи чойхонаи сурх» ном мақоларо интишор додааст, мехонем: «Дар вилояти Ӯротепа ба пеши бозори мисгарӣ аз тарафи маорифи вилояти Ӯротепа як чойхонаи сурх кушода шуда, дар ин ҷо қироатхона низ мавҷуд аст. Аммо аҳволи қироатхона бисёр бад мебошад. Газета ва журнолҳои тоза ёфт намешавад. Ва мудири чойхона низ барои мавҷуд намудани газета, журнол ва адабиёт ҳаракат намекунад.
Бояд идораи маориф аз чойхонаи худ хабар гирад». («О Т.», № 242 аз 9 июли соли 1928). С. Шарофаддинзода аз набудани чойхонаи сурх ва қироатхона дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт шикоят овардааст. («О Т.» № 250 аз 8 августи соли 1928). Дар саҳифаҳои рӯзнома гузоришоту мақолаҳои танқидӣ зиёд ба чоп расидаанд.
Аз муҳокимарониҳо бармеояд, ки «Овози тоҷик» дар рушду нумӯи кори таълиму тарбия саҳми мондагор гузоштааст ва инак сад сол аст, ки ин анъанаро мустақимона ва муттасил идома медиҳад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».