Рӯзе, ки нахустшумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп шуд – 25 августи соли 1924 дар таърихи миллати тоҷик чун санаи бисёр мубораку фархунда ёд мешавад.
Он замони басо сарнавиштсоз буд ва халқи мо барои ибрози андешаҳои созанда ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ ба чунин минбари баланд ниёз дошт. Аз баракати чопи рӯзнома имкон фароҳам омад, ки масъалаҳои бисёр муҳими таърих, забон ва адабиёт ва фарҳангу маорифи тоҷик ба миён гузошта ва роҳи ҳаллашон ёфта шавад.
Нашри рӯзномаи дар он замон ягонаи тоҷикиро на танҳо тоҷикони қаламрави давлати навбунёди шӯравӣ, балки ҳамзабонони бурунмарзӣ низ бо хушҳолӣ ва дилгармӣ истиқбол намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ робита ва табодули мавод миёни идораи «Овози тоҷик» ва рӯзномаҳои форсизабон, ба мисли «Ҳаблулматин» (Ҳиндустон), «Ситораи Эрон», «Шафақи сурх», «Садои Шарқ», «Фикри озод», «Туфон», «Пайк», «Чаман», «Фарҳанг» (Эрон) ба роҳ монда шуд.
Рӯзномаи «Овози тоҷик» дар ибтидои қарни XX ва баъдан низ барои мардуми мо ҳамчун минбари баланди баёни фикру андеша, василаи бедории миллию худшиносӣ, собиткунандаи мавҷудияти миллати тоҷик, яке аз ташаккулдиҳандагони забони адабӣ, таҳриқдиҳандаи эҳсоси ифтихор, мудофеи манфиатҳои миллӣ, тарғибгари осори адибон, дӯстии халқҳо ва робитаҳои адабӣ хидмати бузургеро анҷом дод.
Месазад, ки имрӯз бо миннатдорӣ аз кормандони аввалини рӯзнома Абдулқайюм Қурбӣ, Саидризо Ализода, Ғуломалӣ Козимзода, Мирҳайдар Шабистарӣ, Самиъҷон Муҳаммадзода, Роҷӣ, ҳамкорони доимии он – устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аббос Алиев, Асадуллоҳи Кошонӣ, Ҳомид Бақозода, Нисор Муҳаммад, Тӯрақул Зеҳнӣ, онҳое, ки барои нашри рӯзнома саҳми бориз гузоштаанд, Алӣ Исмоилзода (муҳаррири рӯзномаи ӯзбекии «Зарафшон»), Абдулло Раҳимзода, Шоҳтемур, Эшонқул Мирҷамолзода, Ҳоҷибойзода, Ҳомидхонзода, Искандар Файзуллин ва даҳҳо нафари дигар ёд биёрему ба хидмати бузургашон арҷ бигзорем. Дар он даврони сарнавиштсоз онҳо натанҳо муваффақ гардиданд, ки чопи рӯзномаро ба роҳ мондаву тавсеа бидиҳанд, балки бар рағми монеаҳои зиёд тавонистанд, ки нашрияҳои дигареро чун «Ширинкор»-у «Мулло Мушфиқӣ», ба ин забон рӯйи чоп биёранд ва ба ин васила дар айёми барои миллат душвору тақдирсоз хидмати басо арзишманд бикунанд. Ёдашон ба хайр, рӯҳашон шод ва корҳои некашон аз ҷониби ворисони сазовору пурифтихор бардавом бод!
Адибони Тоҷикистон, ки аксар ҳамкорони «Овози тоҷик» ҳам буданду ҳастанд, кормандони онро, ки рисолати бузурги гузаштагони хешро бо сарбаландӣ идома медиҳанд, бо 100-умин солгарди ин минбари баланду арҷманди миллат сидқан табрик гуфта, барояшон хотири осудаву табъи болида ва комёбиҳои эҷодӣ таманно мекунанд.
Низом ҚОСИМ,
раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.