ШИНОСНОМАИ МО ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Ба рӯзномаи «Овози тоҷик» аз солҳои наврасиам ошноӣ пайдо кардаам.

Падарам, ки омӯзгор буд, ҳар рӯз ба хона даста-даста рӯзнома меовард. Мани хонандаи мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато ба рӯзномахонии падарам таваҷҷуҳи зиёд доштам. Он солҳо мардум ба номгӯйи зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо обуна мешуданд. Байни рӯзномаву маҷаллаҳои падарам «Овози тоҷик», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Овози Самарқанд», рӯзномаи ноҳиявии «Нурнома»  (рӯзнома он солҳо саҳифаи тоҷикии «Рангинкамон» дошт), «Чароғи рӯз» ва маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Илм ва ҳаёт» буданд. Падарам аз байни онҳо нахуст «Овози тоҷик»-ро ба даст мегирифт ва мегуфт, ки «ин рӯзнома шиносномаи мо дар Ӯзбекистон аст». Ман, ки он солҳо хурд  будам, моҳияти ин андешаҳоро хуб дарк намекардам, вале саҳифаҳои сеюм ва чоруми рӯзномаро пайваста мехондам. Аз ҳамон вақт дар қалби ман шавқу ҳавас ба рӯзномахонӣ реша давонда, то ҳол маро тарк накардааст. Ҳарчанд имрӯз рӯзномаҳои машҳури дунёро бо забонҳои англисиву олмонӣ ва итолиёвӣ мутолиа мекунам, аз рӯзномаи «Овози тоҷик» дур нашудаам. Ҳар як шумораи онро тариқи «Facebook» мутолиа мекунам ва аз вазъи сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии Ӯзбекистони азиз огоҳ мегардам.
Азбаски дур аз Ватан будубош ва фаъолият дорам, дастрас намудани осори адибони тоҷики ӯзбекистонӣ душвор аст. Камина бо баъзе намунаҳои осори Паймон, Абдулло Субҳон, Муҳаммад Шодиву Юнуси Имомназар, Фаридуни Фарҳодзод асосан аз тариқи рӯзномаи «Овози тоҷик» шинос ҳастам. Ифтихор дорам, ки имрӯз дар Ӯзбекистон як ҳавзаи адабии пуриқтидор ташаккул ёфтааст. Ба мутолиаи осори мондагори Ҷалолуддини Балхӣ ва Лоиқ таваҷҷуҳ дорам. Осори онҳо мояи ифтихори ҳар як тоҷику форсизабон аст. «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ имрӯз серхонандатарин китоби мардуми Амрико мебошад.
Дар муҳите, ки ман зиндагӣ ва фаъолияти илмӣ дорам, нафареро аз Осиёи Марказӣ дучор намекунед. Гуфтугузор ва тадқиқоти илмӣ ба забони англисӣ аст. Фарзандонам низ дар кӯдакистону мактаб ба забони англисӣ таълим мегиранд. Танҳо дар муҳити оилавӣ тоҷикӣ ҳарф мезанем. Фарзанди калониам, ки ҳоло донишомӯзи синфи сеюм мебошад, забони тоҷикиро хуб медонад. Дар ин муҳит ягона ҳамсуҳбату ҳамрози ман рӯзномаи «Овози тоҷик» мебошад.Тавассути он аз навгониҳои кишвар огоҳӣ меёбам,ғоибона бо қаламкашони рӯзнома ошноӣ пайдо мекунам ва забони модариамро аз он комилтар меомӯзам.
Ҳоло рӯзномаи дӯстдоштаи мо садсола мешавад. Ин иди ҳар як тоҷик аст. Рӯзнома дар ин давра ба қалби ҳазорҳо нафар хонанда нури маърифат бахшида, шаҳрвандонро ба роҳи ростӣ ҳидоят менамояд, дар қавигардонии дӯстии халқҳо, бахусус дӯстии тоҷику ӯзбек саҳми арзанда мегузорад. Итминон дорам, ки имрӯз ҳам рӯзномаи «Овози тоҷик» ҷавононро дар рӯҳи хештаншиносию худогоҳӣ, ифтихор аз халқу миллати худ, шинохтани фарҳанги миллии хеш тарбият мекунад.
Кулли кормандони «Овози тоҷик»-ро бо ҷашни фархундаи рӯзнома муборакбод намуда, ба онҳо дар ин кори пурмашаққат комёбиҳо таманно дорам.

Ҷовид ЭГАМЗОДА,
доктори илмҳои техникӣ.
Иёлати Теннессии ИМА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: