Бо мақсади ташаккули симои нави Ӯзбекистон имрӯз дар ҳама соҳаҳо шаффофият ва ошкороӣ таъмин мегардад.
Азбаски ба фаъолияти идора ва мақомоти давлатӣ дар асоси натиҷаҳои мулоқот бо халқ, ҳалли мушкилоти мардум, фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва зиндагӣ баҳо дода мешавад, дар ҷомеа мавқеи воситаҳои ахбори оммавӣ, бахусус, матбуот торафт мустаҳкам мегардад.
Ба ин маъно, матбуот чун оинаи ҷомеа, манбаи боэътимоде, ки воқеиятро дар асоси далелҳои раднопазир, бо факту асноди амиқ ва равишҳои таҳлилӣ акс мекунад, мавқеи бештар пайдо менамояд. Дар ин самт бешубҳа, «Овози тоҷик» низ мақом, мавқеъ, овоз ва ҷойгоҳи худро дорад.
Инак, ба чопи нахустин шумораи рӯзнома 100 сол пур мешавад. Метавон гуфт, ки он дар тӯли як аср дар ҷомеа ҷойгоҳи худро соҳиб гардида, имрӯз дар радифи нашрияҳои бонуфузи Ӯзбекистон ба забон гирифта мешавад.
«Овози тоҷик» чун минбари дӯстии халқҳо дар Ӯзбекистон ва нишонаи барҷастаи эътибор ба вакилони халқу миллатҳои дигар, дар тарғиби дӯстиву бародарӣ аҳамияти ба худ хосро соҳиб аст.
Дар он ба таблиғи ғояҳои дӯстии байни миллатҳо, фарохдилӣ, рафоқат ва ҳамбастагӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Дар саҳифаҳои он тарзи ба худ хоси зиндагии мардуми кишвар, рӯҳияи замон, сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию маърифатии давлатамон, фикру андеша, мақсаду умеди муштариёни рӯзнома бо забони шевою гуворо, самимона инъикос меёбад.
Хуб медонем, ки нахустин шумораи рӯзнома соли 1924 маҳз дар Самарқанд чоп гардид. Имрӯз он анъанаҳои накӯ, ки пойдеворашро ҳайати эҷодии «Овози тоҷик» дар Сайқали рӯйи Замин гузошта буданд, дар мисоли рӯзномаи «Овози Самарқанд» низ идомаи худро меёбанд.
Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир ҳамкории байни таҳририяти ду рӯзнома мустаҳкам гардида, робитаҳои эҷодӣ низ инкишоф ёфт.
Ғайр аз ин, дар давоми сад соли гузашта дар ин ҷо насли даҳҳо журналистон-эҷодкорон ба камол расиданд.
Ҳоло метавонем гуфт, ки «Овози тоҷик» тӯли ин солҳо вазифаи мактаби бузурги эҷодиро низ ба ҷо оварду меорад.
Мактаби устодонаи «Овози тоҷик» ба аҳли қалам бағоят ибратбахш ва шоистаи таҳсин аст. Дар даври гузашта рӯзнома дар саҳифаҳои худ ба кашфи эҷодкорони ҷавон низ эътибори алоҳида дода, қаламкашони зиёдро парвариш намуд, ба халқу мамлакат шиносонид. Ин аст, ки ҳоло садҳо шоиру нависандагони номдори кишвар, ки дар қалби китобхонҳо ҷой гирифтаанд, номи рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро бо ҳурмат ба забон меоранд.
Ҳоло сухан дар бораи санаи ҷашни рӯзнома меравад. Чунин санаҳои таърихӣ ба мо имкон медиҳад, ки фаъолияти худро сарҳисоб намоем, бурду бохти худро таҳлил созем ва ҳамзамон барои оянда пеши худ нақшаҳои бузург гузорем.
Дар амалисозии чунин орзуҳои наҷиб ва нақшаҳои нек, инчунин, бобати бунёди Ӯзбекистони Нав, саҳмгузорӣ барои беҳтар гардондани ҳаёти мамлакат ва халқ ба ҳайати эҷодии таҳририят зафарҳо таманно карда, дар ин кори пуршараф ва масъулиятнок комёбӣ ва пирӯзиҳои нав орзумандам.
Баҳодур РАҲМОНОВ,
сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии
«Овози Самарқанд».