ҶАШНИ ПУРИФТИХОР МУБОРАК БОД!

Яке аз рӯзномаҳои маҳбуб ва сарнавиштсози миллати тоҷик – « Овози тоҷик» умри бобаракати якасраи худро таҷлил менамояд.

Дар ин давраи таърихӣ рӯзнома барои бедории фикрии ҷомеа, раванди гузариш ба сохти нави ҷамъиятӣ, ислоҳоти сохтори нав, ошкор кардани воқеияти замон ва таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек саҳми босазо гузоштааст. 
«Овози тоҷик» замоне таъсис ёфт, ки мардуми бошарафи тоҷик ҳанӯз ба моҳияти озодӣ, худшиносӣ, ҳисси миллӣ, ҳифзу ҳимояи забони миллӣ, мухторият ва мустақилият дуруст сарфаҳм намерафт ва ғояҳои замони гузаришро низ ба таври васеъ дарк намекард. Барои раҳоӣ ёфтан аз ин вартаи мураккаби сиёсӣ,огоҳ шудан аз муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва дарки дурусти моҳияти милливу давлатдорӣ таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» саривақтӣ буд.
Дар ҳақиқат, барои расидан ба истиқлоли миллӣ рӯзнома хидмати бузургеро бар ӯҳда гирифт ва онро, хушбахтона, сарбаландона иҷро намуд. 
Дар солҳои бистум, ки замони ниҳоят мушкил ва мураккаб барои халқи тоҷик маҳсуб меёфт, таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» боис шуд, ки аксари адибон, шоирон, зиёиён ва ходимони намоёни сиёсӣ дар атрофи он ҷамъ оянд ва фикру мулоҳизаҳояшонро рӯйиросту ошкоро баён созанд. Аҳли қалами рӯзнома ва зиёиёни пешқадам ба муқобили касоне, ки мустақилияти Тоҷикистонро намехостанд, бо қалам мубориза бурданд ва ба мардум моҳияти замони гузаришро шарҳ дода, дар таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон саҳми бузургу шоиста гузоштанд. 
Дар саргаҳи ин таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ устод Садриддин Айнӣ ва шогирдони ӯ қарор доштанд. Махсусан, устод Айнӣ таъсиси рӯзномаро бо хушҳолӣ истиқбол карда, барои шумораи нахустини он, ки 25 августи соли 1924  интишор шуд, мақолаи «Қавми тоҷик ва рӯзнома»-ро бо имзои «Сод-Айн» чоп намуда, даъват кард, ки тоҷикон дар атрофи он ҷамъ оянд ва дастгирӣ намоянд. Вай дар мақолааш доир ба аҳамияти рӯзнома сухан ронда, андешаҳояшро чунин ҷамъбаст менамояд: «Рӯзномаи ҳар як қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст... Мо умедворем, ки қавми тоҷик, хусусан бечорагони эшон ба атрофи рӯзномаи худ ҷамъ мешаванд».
Ин таъкиди ватандӯстонаи устоди бузургвор Айниро аҳли адаб ва дигар намояндагони пешқадами тоҷик хуб истиқбол карданд ва дар атрофи адиби номвар ҷамъ омада, ба рӯзнома ёрӣ расониданд. Ҳамин тавр, «Овози тоҷик» ба ливои муборизони роҳи ҳақиқат табдил ёфт, барои ваҳдат, истиқлолияти миллӣ, тозагии забон, ҳимояи арзишҳои милливу фарҳангӣ пешоҳангу пешсаф гардид.
Солҳои баъдӣ, бахусус дар замони муборизаҳои сангини сиёсии солҳои сиюм аламбардори қаламкашони тоҷик ба шумор мерафт ва ормонҳои миллиро ҳимоя мекард, ҷонфидоиву қаҳрамонии фарзандони далерашро тараннум, меҳнати софдилонаи мардумро бо хабар, мақола, очерк, шеъру достон, қиссаву ҳикоя ситоиш менамуд. 
Солҳои баъдӣ то замони расидан ба Истиқлоли миллӣ низ рӯзнома номашро иваз карда бошад ҳам, бо шиорҳои ватандӯстонаи устод Садриддин Айнӣ дар инъикоси сохти нави ҷамъиятӣ, тараннуми дӯстии халқҳо ва тарғиби адабиёт, санъат ва фарҳанги миллӣ саҳми созгор гузошта, барои пешрафти тафаккури аҳли ҷомеа хидмат кард.
Баъди истиқлолияти давлатӣ, ҳайати эҷодии рӯзнома ин ойинаи ҷаҳоннамои миллатро бо номи аввалааш – «Овози тоҷик» сабти ном карданд, барои беҳтар ва босифат нашр шудани он талош карда, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тараннуми дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек, эҳёи суннатҳои миллӣ ва тарғиби фарҳангу адабиёт ва санъату ҳунарҳои мардумӣ фидокорона заҳмат мекашанд.
Рӯзнома хидмати бузургеро баҳри тоҷикони Ӯзбекистон ба анҷом расонида, дастоварду комёбиҳои онҳоро якҷо бо музаффариятҳои халқи заҳматқарини ӯзбек ва дигар миллатҳои муқими Ӯзбекистони Нав тасвир менамояд.  
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо «Овози тоҷик» ҷашни таърихии хешро таҷлил менамояд. Мо ба ҷамоаи эҷодии рӯзнома ин ҷашни фархундаро самимона табрик мегӯем, ба онҳо барори кор ва комёбиҳои беназирро таманно менамоем. 

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: