Дар ин рӯзҳо шаҳри бостонии Самарқанд ба майдони шодиву сурур ва иду баргузории консертҳо табдил ёфтааст.
Баъди маросими ифтитоҳи ҷашнвора ва консерти дастаҷамъонаи санъаткорони Ӯзбекистон ва соири кишварҳо, ки дар майдони таърихиву маъруфи Регистон бо ширкати Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ва меҳмонони зиёди хориҷӣ баргузор шуд, мушакпаррониҳо ба фазои он шукӯҳи тоза бахшид.
Дар ҳақиқат, фазои рангорангу ҷилоҳои мушакҳоро аз чаҳор гӯшаи шаҳр тамошо кардан имконпазир гардид. Мардум гурӯҳ-гурӯҳ аз хонаҳои худ берун омада, ин манзараи ҷолибро бо шавқу ҳавас тамошо карданд.
Рӯзи дувум дар ҳошияи Ҷашнвораи байналмилалии сенздаҳуми «Таронаҳои Шарқ»таҳти унвони «Фарҳанги мусиқии мардуми Шарқ: тамоюлҳои ҳамгироии эҷодӣ дар раванди глобализатсия»конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он олимону коршиносони соҳаи санъати овозхонӣ ва мусиқии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва якчанд кишвари ҷаҳон ширкат намуданд.
Дар доираи баррасию баҳсу мунозираҳое, ки дар меҳмонхонаи «Ҳилтон” байни иштирокчиёни он сурат гирифт, эътироф гардид, ки Ӯзбекистон дар соҳаи рушду такомули санъат нисбат ба солҳои гузашта хеле пеш рафтааст ва дигарон метавонанд аз мактабҳои эҷодии он ба таври фаровон истифода кунанд.
– Ман бори дувум аст, ки ба ин шаҳри дилрабову зебо ташриф овардам. Аммо ин дафъа боз бештар Самарқандро бо намои наву ҷилои дигар пайдо кардам. Кӯчаҳояш равону васеъ, биноҳои зиёди баланду бошукӯҳ, хиёбонҳои сарсабзу хуррам ва одамони басо самимиву меҳмонавоз дилҳоро тасхир намуда, ба кас роҳат мебахшанд. Чун анъана, майдони Регистон моро ба канор пазируфт ва мо аз барномаи хуби консертӣ баҳраманд шудем. Маро он нукта ба ваҷд овард, ки Президенти шумо ибораи наверо вирди забон овард ва гуфт, ки минбаъд агар ба ҷойи «Таронаҳои Шарқ»мо «Таронаҳои олам»гӯем, ба мақсад мувофиқ хоҳад шуд, – гуфт хабарнигори яке аз рӯзномаҳои мисрӣ хонум Рубоб Фатҳӣ.
Вай афзуд, ки доираи меҳмонони ин ҷашнвора боз ҳам фарохтар гардидаву иштирокчиёни он бо овозхонҳову навозандагони зиёд ба карат афзоиш ёфтааст. Ин аз болоравии нуфузи Ҷашнвораи байналмилалии «Таронаҳои Шарқ»дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.
Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков дар ҷараёни мулоқот бо журналистони маҳаллӣ ва хориҷӣ изҳор намуд, ки эътироз ва фикру назарҳои зиёд дар робита ба ҷойи аслиаш баргардонидани ин ҷашнвора қобили пазироӣ қарор гирифт.
– Мақомоти кишвар бо дарназардошти ин ҳол ба чунин қарор омаданд, ки аз «Шаҳри ҷовидон»ба Майдони Регистон баргардонидани тамоми чорабиниҳои «Таронаҳои Шарқ»ба нуфузи он танҳо нуфузи бештар хоҳад афзуд. Тавре ки ҳамаи шумо шоҳид шудед, маросими ифтитоҳи он дар ҳамин майдон ба вуқӯъ пайваст ва чорабиниҳои дигари марбут ба он низ дар ин майдон роҳандозӣ хоҳанд шуд, – иброз дошт Назарбеков.
– Боиси хушнудист, ки пас аз ба сари қудрат омадани марди донишманду дурандеш Шавкат Мирзиёев муносибати байни Тоҷикистону Ӯзбекистон густариш ёфт, – иброз доштанд дуэтхонҳо Шоҳин Абдуллоев ва Фотима Машрапова аз Душанбешаҳр, – далели раднопазир дар Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ « ширкат варзидани вакилони кишвари мо аст.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҷашнвора аз 80 мамлакати ҷаҳон қариб 300 нафар мутрибону ҳофизон ба шаҳри бостонӣ ташриф оварда, ҳунарнамоӣ мекунанд .
Бигузор, дӯстиву ҳамкорӣ поянда бод!
Мирасрор АҲРОРОВ,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигорони «Овози тоҷик».
Самарқанд.