ВАЗИФАҲОЕ, КИ БУНЁДИ РУШДИ ТИҶОРАТИ ХУРД БА ИҶРО МЕРАСОНАД

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки роҳбарияти Бунёди рушди тиҷорати хурд таҳти мавзӯи «Таҳлили корҳое, ки аз ҷониби Бунёди рушди тиҷорати хурд ба иҷро расонда шуданд» анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Намояндагони Бунёд Фазлиддин Зиёев, Фаррух Рашидов ва дигарон қайд карда гузаштанд: роҳбари давлати мо 18 августи соли 2023 зимни мулоқоти кушод бо соҳибкорон оиди вазифаҳои устуворе, ки дар назди ходимони соҳа ҳаст, аниқ ва равшан сухан ронд. 
Бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои муҳим дар ин самт ва офаридани «занҷири хидматҳои муттасил» оиди дастгирии тиҷорати хурд дар ҳузури БСТ «Қишлоқ қурилиш бонк» бо қарори Президент БСТ «Бонки рушди тиҷорат»  ташкил карда шуд ва дар тасарруфи он Бунёди рушди тиҷорати хурд созмон ёфт. Дар 14 ҳудуди ҷумҳуриамон ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Маркази ба тиҷорати хурд кумакрасон» ба бунёд омад.
Ташкил кардани курсҳои таълимӣ барои соҳибкорон, ба намояндагони тиҷорати хурд супурдани сертификатҳо,  кумак ба ташаккули нақшаҳои тиҷоратӣ оиди лоиҳаҳо, баҳодиҳӣ ва интихоби лоиҳаҳо, молиявисозии лоиҳаҳо, саҳмдорӣ ба лоиҳаҳо, нишон додани хидматҳои маслиҳатӣ, кумак ба ҷобаҷогузории робитаҳои кооператсионӣ вазифаҳои асосии Бунёд ва марказҳои он дар ҳудудҳо мебошад,  қайд карда шуд дар чорабинӣ. 
Ғайр аз ин, Бунёд вазифадор аст ҷараёнҳои 10 навъи хидматрасонии молиявиро ташкил  намояд ва онҳоро ҳамоҳанг созад.
Маълум мешавад то 1 августи соли равон ба платформаи тиҷоратии  ҷумҳуриявӣ аз 186 ҳазору 777 нафар соҳибкорон ба тарзи онлайн 253 ҳазору 240-то ариза афтодааст.
Алъон 58 ҳазору 158 нафар соҳибкорон  ба тарзи масофавӣ хононда мешаванд. Ба 52 ҳазору  377 нафар, ки хонданро бомуваффақият хатм кардаанд, сертификат дода шуд ва онҳо акнун ба кредит гирифтан ҳуқуқ доранд.
Аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ба 40 ҳазору 691 нафар соҳибкорон оиди кулли василаҳои молиявӣ ба андозаи 3 триллион 968,1 миллиард сӯм вом ҷудо карда шуд.
Дар натиҷаи ба амал баровардани лоиҳаҳо  аз ҷониби соҳибкорон, ки кредит гирифтаанд, бештар аз 34 ҳазор ҷойҳои корӣ ташкил карда шуданд.
Яке аз  корҳои муҳим дар соҳа – омодасозии дастурҳои таълимиву видеоист. Дар давоми шаш моҳи охир бахшида ба бештар аз 100 навъ лоиҳаи тиҷоратӣ дастуруламалҳои зиёд офарида шуданд. Нахуст таваҷҷуҳи вакилони тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ дар кишвари мо омӯхта шуд, дар кадом  дараҷа будани имконияту салоҳияти онҳо  аниқ гардид. Маълум гашт, барои офаридани дастуруламалҳои замонавӣ ба мутахассисони пешбар эҳтиёҷ ҳис мешавад. Аз ҷониби Бунёд ба ҷараёнҳо мутахассисоне ҷалб карда шуданд, ки таҷриба ва дониши бой доранд, ҳамчунин дар майдони байналхалқӣ нуфуз пайдо намудаанд.
Дастуруламалҳои таълимӣ дар 5 самт – дар мавзӯъҳои истеҳсолӣ, хидматрасонӣ, кишоварзӣ, савдо ва сохтмон ба нашр омода карда шуданд. 
Алъон 50 навъи дастуруламалҳо омода мебошанд. Аввалин партияи онҳо ба марказҳои ба тиҷорати хурд кумакрасон тақдим карда шуд. Айни замон аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ба соҳибкорон ройгон тақсим карда додани адабиётҳои тиҷоратӣ ба нақша дароварда шудааст.
Баробари ҳамин,  аз ҷониби Бунёди  рушди тиҷорат дар давоми сол оиди лоиҳаҳои тиҷоратӣ офаридани 100 дастури видеоӣ мавриди назар аст. Ин видеоҳо дар асоси дастуруламалҳои таълимӣ омода мегарданд. Алҳол 35 видеодастур, ки аллакай омодаанд, ба  лоиҳаҳои истеҳсолӣ, хидматрасонӣ ва кишоварзӣ бахшида шудаанд. Дар анҷумани матбуотӣ қайд гардид, ки ба ин қабил видеомаҳсулот тавассути шабакаи ютуби «Тиҷорати ман» шинос шудан мумкин.

М.ШОДИЕВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: