Аз рӯйи ҷамъбасти шашмоҳаи соли равон фурудгоҳи байналхалқии Самарқанд дар рейтинги АCl Europe ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Шӯрои фурудгоҳҳои байналхалқӣ (АСl) соли 1991 таъсис ёфта, марказаш дар Канада ва шуъбаҳои он дар мамлакатҳои Аврупо, Африқо, Осиё, Амрикои Лотинию Шимолӣ мавҷуд ва дар тасарруфаш 1979 фурудгоҳ дар 176 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудаанд.
Фурудгоҳи байналхалқии Самарқанд дар шуъбаи Аврупо буда, дар шаш моҳи охир комёбиҳои назаррасро ба даст овардааст. Ҳаҷми мусофиркашонӣ нисбати соли 2019 ба 196,6 фоиз афзуд, бо ибораи дигар гӯем, ба як миллиону 10 ҳазору 938 мусофир хидмати шоиста кардааст.
– Мақсади асосии мо, – иброз дошт саҳмдори Air Marylanda Бахтиёр Фозилов, – Самарқандро барои сайёҳони хориҷӣ пурҷозиба намуда, хидмати фурудгоҳро боз ҳам бештар, қулай ва ба андозаи ҷаҳонӣ расондан аст. Боиси хушнудист, ки фурудгоҳ 24 хатсайри байналхалқӣ дошта, аз ин ҷо ба Хитой, Туркия, Русия, Арабистон ва ғайра парвозҳои мунтазам амалӣ мешаванд.
Маъмурияти фурудгоҳ диққату эътибор ба харҷ медиҳанд, ки мусофирон аз хидмати беминнат баҳраманд гардида, бо таъби болида ба манзили хеш расанд.
Барои ба андозаи ҷаҳонӣ расидани фурудгоҳ ташаббуси Сарвари давлатамон хеле калон аст. Маҳз бо дастгирӣ ва маслиҳати хирадмандона ва дурандешонаи Президент бинои фурудгоҳ куллан тағйир ёфта, ниҳоят пурҷозиба гардид. Агар кас аз дур ба маҷмааи фурудгоҳ нигоҳ кунад, шабеҳи китоби боз пеши назараш меояд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.