ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ ИДОМА ДОРАНД

Мардуми вилояти Навоӣ қарори Президент «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни 33-солагии истиқлоли давлатӣ»-ро чун сармашқи амалисозии тантанаҳои идона қабул карданд.

Имрӯзҳо бахшида ба ин ҷашни бошукӯҳ дар саросари вилоят тадбирҳои гуногун баргузор мегарданд.
Яке аз чунин чорабиниҳои хотирмон дар ноҳияи Навбаҳор баргузор гардид. Мардуми зиёд бо чеҳраи болида дар боғи марказии варзишии Навбаҳор гирд омаданд. Ин ҷо бахшида ба ҷашни 33-солагии истиқлол байни ошпазони ҳаваскор ва касбӣ «Чемпионати ош» баргузор гардид. Дар ҳафт деги калон 7 намуд оши палав дам карда, ба мардум пешкаш карда шуд.
Дар доираи чорабинӣ намудҳои маъруфи оши Ӯзбекистон: «Оши чойхона», «Оши Самарқанд», «Оши Бухоро», «Оши Фарғона», «Оши тӯй» тайёр карда шуд. Дар ҷашни тантанаҳои идона ҳокими ноҳия Азамат Ӯроқов иштирок ва ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни истиқлоли давлатӣ муборакбод намуд. Ҳар як ошпаз аз ҷониби ҳокимияти ноҳия бо мукофоти пулӣ ба миқдори 5 миллион сӯм ҳавасманд гардонида шуд.
Чорабинии идонаро баромади дастаи саъаткорони ноҳия боз ҳам дилнишину гуворо гардонид.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: