БАҲОДУР ҶАЛОЛОВ – МУШТЗАНИ СОҲИБНОМ

Воҳаи Сурхон ватани паҳлавонҳои далеру ҷасур, мардони сарбаланд аст.

Далели ин гуфтаҳо, дар Олимпиадаи тобистонаи Париж-2024 якбора ду нафар варзишгарони воҳа: Баҳодур Ҷалолов ва Музаффарбек Тӯрабоев ғолиб гардида, шарафи Ӯзбекистонро дар арсаи байналхалқӣ сарбаландона ҳимоя намуданд. 
Маросими тантанавии истиқболи қаҳрамонҳои замони мо дар шаҳри Тирмиз баргузор шуд.
Фурудгоҳи байналмиллии Тирмиз намуди идона дошт. Баробари ба замин нишастани тайёра садои карнаю сурнай танинандоз гардид. Қаҳрамонҳои даврони мо – ғолиби дукаратаи Олимпиада Баҳодур Ҷалолов ва соҳиби медали биринҷӣ Музаффарбек Тӯрабоевро тантанавор пешвоз гирифтанд. Ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов ба Баҳодур Ҷалолов ва дорандаи медали биринҷӣ Музаффарбек Тӯрабоев ҷомаи зарбофт пӯшонида, аз номи аҳли воҳа табрик гуфт ва таъкид кард:
– Барои чунин имкониятҳоро ба ҷавонон, ба варзишгарон  фароҳам овардан пеш аз ҳама, ба Президент Шавкат Мирзиёев ва баъдан ба мураббиёну варзишгароне, ки ин ғалабаҳоро ба халқу ватанамон армуғон намуданд, миннатдорӣ изҳор менамоем. Инчунин, ба падару модарони ҳарду варзишгари фатҳовар аз сидқи дил ташаккур мегӯем. 
Инак, бамаврид аст, ки дар бораи қаҳрамонамон Баҳодур ва комёбиҳои ӯ ҳарф занем.
Баҳодур Ҷалолов 8 июли соли 1994 дар маҳаллаи Афросиёби ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё дар оилаи хидматчӣ ба дунё омадааст. Падару модар бо умед ба писар Баҳодур ном мегузоранд то ки паҳлавон, баҳодури замони худ шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Падари Баҳодур – шодравон Исомиддин Ҷалолов, ки худ низ паҳлавони номӣ буду солиёни зиёд дар соҳаи ҳуқуқу тартибот дар ноҳия шарафмандона хидмат намудааст ва модараш Сабоҳат Ҷалолова, ки муаллимаи забон ва адабиёт буд ва дар коллеҷи касбу ҳунар,   баъдтар дар мактабҳои рақами 83 ва 29-уми ноҳия фаъолият бурдааст, ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи бештар додаанд. Онҳо аз хурдӣ шавқу завқи писарашон Баҳодурро дар соҳаи варзиш пай бурда, ба мактаби ихтисосонидашудаи 66-уми  ноҳияи Сариосиё мегузоранд ва аз синфи 9-ум дар коллеҷи Захираҳои олимпии Чирчиқ таҳсил кардааст. Баъди хатми коллеҷ ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тошканд дохил шудааст.
Аз ҷавонӣ ҳам ба куштии миллӣ ва ҳам ба намуди муштзании варзиш меҳр дошт. Ҷангҳои муштзанони ҷаҳонро тариқи оинаи нилгун тамошо карда, чун онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ширкат варзида, ғолиб омаданро орзу мекард ва барои муваффақ шудан ба орзуи хеш пайваста талош меварзид, машқу тамрин менамуд. Дар мусобиқаҳои байнимактабии ноҳия ва берун аз он иштирок намуда, ғалабаҳо ба даст меовард ва зина ба зина пеш мерафт.
Аввалин мураббии ӯ Ӯктам Саидов – дорандаи медали биринҷӣ дар чемпионати ҷаҳон мебошад. Мураббии болаёқат ба дили шогирди ҷавон меҳри муштзаниро андохта тавонист. Дар овони донишҷӯйи Баҳодур аллакай дар мусобиқаҳои бонуфуз ширкат меварзид.
Ҳамин тавр, Баҳодури ҷавон то моҳи майи соли 2018 дар сафи муштзанони ҳаваскор 130 ҷанг гузаронида, дар 104-тои он ғалаба ба даст овардааст, ки аз ин 28 ҷангро пеш аз муддат бо накаут анҷом додааст.
Аз 5 майи соли 2018 ҷангҳои касбӣ низ мебарад. Ӯ дар ин муддати кӯтоҳ 14 ҷанг гузаронида, 14 ғалабаро бо накаут анҷом додааст.
Натиҷаву ғалабаҳои ӯ дар чемпионатҳои минтақавию ҷаҳонӣ чунин аст: соли 2015 дар чемпионати ҷаҳон (Англия) соҳиби медали биринҷӣ, солҳои 2017 (Тошканд), 2019 (Бангкок) ва 2021 (Дубай) чемпиони секаратаи Осиё, соли 2022 (Ханчжоу) дар Бозиҳои Осиё чемпион ва соҳиби медали тилло, дар солҳои 2019 (Екатерингбург) ва 2023 (Тошканд) чемпиони дукаратаи ҷаҳон ва солҳои 2020 (Токио) ва 2024 (Париж) чемпиони дукаратаи Олимпиадаи тобистона гардид. Дар ҳамаи ин мусобиқаҳои бонуфузи байналмиллӣ аз рӯйи вазни 92+ кг ширкат варзида, то ҳол  8 медали тилло ва 1 биринҷӣ ба даст овардааст. Рейтинги ӯ дар миқёси дунё аз рӯйи намуди бокси WBC ҷойи 6; WBO ҷойи 15 ва BoxRec ҷойи 27-ум мебошад. Яъне, ӯ аз рӯйи вазни мутлақ дар 35-гонаи муштзанҳои дунё шомил аст. Ин натиҷаву муваффақиятҳо, албатта, ба таҳсин сазовор аст. Бо унвони «Ӯзбекистон ифтихори» (2019) ва ордени «Фидокорона хизматлари учун» (2021) сарфароз гардидааст.
Баҳодур Ҷалолов  машқҳои пайвастаро бо мураббии худ Тӯлқин Қиличев гузаронидааст. Бо ин натиҷаҳо ӯ аз рӯйи бокси ҳаваскор ба дараҷаи шоҳи муштзанони ҳаваскор расида, баъд аз ғалабаи охирон минбаъд танҳо бо намуди варзиши муштзании проффессионалӣ қувваозмоӣ намуданашро эълом дошт.  
Оре, Ватанамон бо чунин фарзандони номбардори худ ифтихор дорад. Ӯзбекистон дар таърихи худ чунин марраро то ҳол забт накарда буд. Варзишгарони марду ҷасури мо минбаъд низ натиҷаҳои аз ин ҳам баландтарро бояд қайд намоянд. Ғалабаҳои варзишгаронамон дар Олимпиадаи Париж-2024 ба ҷашни 33-солагии истиқлоли  Ӯзбекистон беҳтарин армуғон гардид.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: