Дар мавзӯи ахлоқ
Бо касбу кори ҳалол рӯзии покиза ёфта зиндагӣ кардан, аз танбалӣ, коргурезӣ, тайёрхӯрӣ парҳез намудан барои ҳар як фарди боэътиқоду бовиҷдон фарз аст. Инсон бояд ба касе муҳтоҷ нашуда, ба Офаридгор таваккал кунад ва мувофиқи иқтидору имконият меҳнат намуда, зиндагониашро пеш барад ва бо ин шарафи худро ҳифз намояд. Танбалӣ, коргурезӣ, тайёрхӯрӣ барин хислатҳои бад шаъну шарафи одамро паст мезананд.
Аз ин бармеояд, ки одами ҷисмонан солим барои ёфтани луқмаи ҳалол бояд ҳамеша дар ҳаракат бошад, худ ва аҳли оилаашро бо маош таъмин намояд.
Яке аз иллатҳои ҷамъияти фаровони имрӯзаи мо – талбандагӣ мебошад. Баъзе ҷавонзанони талбанда, ҳатто барои раҳми роҳгузаронро овардан кӯдакони ширмакашонро дар бағал гирифта мегарданд. Аз ин ҳол табъи кас хира мешавад.
Баъзе талбандаҳои калонсол ба ин кор наврасони мактабхонро ҷалб карда, гадоиро ба бизнес табдил додаанд, ки ин барои тарбияи наврасон ва ояндаи онон зарарнок аст.
Шукри Офаридгор, ки имрӯз бо ташаббуси сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев барои ҳимояи иҷтимоии табақаҳои ночору нодор ба онҳо кумаки моддӣ расонида мешавад. Ҳамаи онҳо дар дафтарҳои махсус ба рӯйхат гирифта шудаанд. Аз ҷониби тадбиркорони саховатпеша низ нисбат ба онҳо хайру эҳсон зоҳир мегардад. Хуллас, имрӯз дар мамлакати мо ҳеҷ кас гурусна намемонад, барои ёфтани қути лоямут шароит ҳаст. Фақат хоҳиш, ғайрату ҳаракат лозим аст.
Дар дини мубини Ислом гуфта мешавад, ки «агар банда барои худ дари талбандагиро кушояд, Аллоҳ барои он банда дари фақириро боз мекунад». Пас, бо талбандагиву таъмакорӣ зиндагӣ фаровон намешавад. Ин хислатҳо хоси аҳли ислом нест.
Аз ҷониби дигар ҳамаи амалҳои мо ба омолу ниятҳоямон вобастагӣ доранд, агар ниятҳо неку холис бошанд, кас албатта ба мурод мерасад. Лекин афсӯс, ки имрӯз бисёриҳо инро фаромӯш кардаанду ба тамаъгирӣ даст мезананд ва бо ин амал баракоти зиндагониашонро барбод медиҳанд.
Баҳодур БОТИРОВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Охунбобои
ноҳияи Чуст.