Шаҳрванде, ки як дарахтро буридааст, 10 дарахт мешинонад

Дар вилояти Сурхондарё як шаҳрванд барои буридани дарахти сафедор ҷарима шуд.

Дар ин бора Хидмати матбуоти Садорати экологияи вилояти Сурхондарё хабар медиҳад.

Бино ба маълумотҳо дар рафти рейдҳое, ки аз ҷониби нозирони давлатии Шӯъбаи экологияи ноҳияи Шӯрчӣ гузаронида шуд, маълум гардид, ки як нафар шаҳрванд дарахти сарсабзи сафедори назди хонаи худро ғайриқонунӣ буридааст.

Аз рӯи вазъият нисбат ба шаҳрванд Э.А. дар асоси қисми 1-уми моддаи 79 Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба миқдори 25 баробари миқдори ҳисоби базавӣ – 8 миллиону 500 ҳазор сӯм ҷаримаи маъмурӣ муқаррар гардид.

Дар натиҷаи ин ҳолат ба табиат 5 миллиону 440 ҳазор сӯм зарар расонида шудааст.

Инчунин, шаҳрванд вазифадор шудааст, ки ба ҷойи як дарахти бурида 10 ниҳол шинонда, нигоҳубин кунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: