Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Хонумон ва ҷанобон!
Шумо, коршиносони маъруфро аз истиқбол намудан дар Ӯзбекистони меҳмондӯст дар анҷумани дараҷаи баланд доир ба қашшоқии бисёрҷанба басе шод ҳастам. Муноқиша, буҳронҳои гуманитарӣ, эпидемиологӣ ва иқлимие, ки дар ҷаҳон идома доранд, имрӯз ба азму кӯшиши даст ёфтан ба Мақсадҳои рушди устувор ва коҳиши тамоми зуҳуроти қашшоқӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Дар чунин ҳолатҳо бисёр давлатҳои ҷаҳон барои гуфтугӯйи коршиносони бонуфуз ба умеди пайдо намудани роҳи самараноки ҳалли мушкилоти рӯзмарратарин дар бобати коҳиши қашшоқӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.
Дӯстони азиз!
Имсол интихоб гардидани Ӯзбекистон ба сифати давлате, ки анҷумани бонуфузи мазкурро қабул менамояд, аз эътирофи байналхалқии ислоҳоти доманфарохи ҷории мо оид ба коҳиши қашшоқӣ гувоҳӣ медиҳад.
Дар панҷ соли охир, бо истифода аз бархурдҳои пешқадами хориҷӣ ва бо назардошти махсусияти мамлакатамон, мо таҷрибаи муваффақиятнокро дар мубориза бар зидди нодорӣ, бо шурӯъ аз зинаи поёнтарини он – маҳалла, таҷрибаи бобарор ғанӣ намудем.
Аввал ин ки бо мақсади баланд бардоштани даромади аҳолӣ мо ҳамдастии шаҳрвандонро дар дарёфти касб ва роҳандозии тиҷорати хусусӣ чун вазифаи бартаринок муайян намудем.
Бобати дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ дар ин масъала институти ёварони ҳокимон дар маҳаллаҳо зоҳир намуданд. Танҳо дар соли ҷорӣ кори доманфарох дар касбомӯзии 250 ҳазор шаҳрванди бекор, ба соҳибкорӣ ҷалб намудани 2 миллион нафар анҷом дода шуд.
Дуюм, дар Ӯзбекистони Нав самти асосии ислоҳот дар бобати таъмини манфиат, шараф ва қадри инсон беҳсозии шароити зиндагии ҳар як шаҳрванд, баланд бардоштани сифат ва фарогирӣ бо хидматҳои таълимӣ ва тиббӣ боқӣ мемонад.
Танҳо соли 2024 барои сохтмони кӯдакистон ва мактабҳо, вусъат додани хидмати тиббӣ, беҳсозии таъминоти оби ошомиданӣ, электроэнергия, инкишофи инфрасохтори роҳ дар маҳаллаҳо аз ҳисоби буҷет 31,5 триллион сӯм ҷудо карда шудааст. Аз ҳама муҳимаш, дар татбиқи ин лоиҳаҳо иштироки маҳаллаҳо аз тариқи низоми «Буҷети ташаббусӣ» баланд бардошта шуд.
Сеюм, низоми ҳимояи иҷтимоиро пурзӯр намуда, мо куллан ҳаҷми хидматрасонии босифатро ба хонаводаҳое, ки ба дастгирии давлат муҳтоҷанд, зиёд намудем. Бо ин мақсад Агентии ҳимояи иҷтимоӣ ташкил гардида, дар ноҳияҳо фаъолияти марказҳои хидмати иҷтимоии «Инсон» роҳандозӣ гардид.
Дар натиҷа беш аз 2 миллиону 300 ҳазор оила, занон, шахсони пиронсол ва маълӯлон бо ҳимояи иҷтимоии кафолатнок фаро гирифта шуданд, ки он нисбат ба соли 2017 4 баробар зиёд аст.
Бинобар ин эътибори шуморо мехоҳам ба он нигаронам, ки дар сиёсати давлати мо фароҳам овардани тамоми имконот барои татбиқи потенсиали кӯдакони оилаҳои эҳтиёҷманд ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамояд.
Мо ба тарбияи фарзандони мамлакатамон аҳамияти бартаринок медиҳем, ки чун шахсони аз ҳар ҷиҳат мутаносиб рушдёфта, новобаста аз баромади иҷтимоӣ тарбия ёбанд. Дар се соли охир фарогирии бачаҳо бо таълими томактабӣ аз 27 то 74 фоиз афзуда, дараҷаи қашшоқӣ дар байни бачаҳо аз 22 то 14 фоиз кам гардид.
Ғайр аз ин, дар бобати таълими ҷавонон ба касбҳои замонавии сердаромад корҳои зиёд бурда мешаванд. Ҳамин тариқ лоиҳаи «Як миллион барномасоз» татбиқ гардида, дар ҳар як ноҳия фаъолияти IT-марказҳо роҳандозӣ гаштааст.
Аз ҳисоби беҳсозии шароити ҳаёти 3 миллион шаҳрвандони муҳтоҷи мамлакат мо дар се соли охир тавонистем, ки дараҷаи қашшоқиро аз 17 то 11 фоиз кам гардонем.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Мо азм дорем, ки дастгирии доманфарохи қишрҳои муҳтоҷи аҳолии ҷумҳуриро муттасил идома дода, дараҷаи қашшоқиро дар се соли оянда низ то 7 фоиз кам гардонем.
Ӯзбекистон барои даст ёфтан ба чунин натиҷаҳои баланд манфиатдор аст, ки дар оянда ҳамкориро бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ мустаҳкам намуда табодули таҷриба намояд ва барномаву лоиҳаҳои мухталифро якҷоя татбиқ намояд.
Умед дорам, ки гуфтугӯ дар бораи қашшоқии бисёрҷанба ба мақсадҳои некамон хидмат менамояд, пешниҳодот ва тавсияҳои амалие, ки дар поёни он таҳия мегардад, боз як қадам дар роҳи коҳиши қашшоқӣ дар тамоми ҷаҳон хоҳад шуд.
Ба кори анҷуман ва тамоми иштирокдорони он муваффақият орзу дорам.
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекситон