Латвия масъалаи ҷорӣ кардани хидмати муддатноки ҳарбӣ барои занонро баррасӣ мекунад.
Дар ин бора вазири дифои Латвия Андрис Спрудс маълум кард, хабар медиҳад Delfi.
Чунин тағйирот дарҳол рӯй намедиҳад ва то соли 2028 амалӣ кардани он дар назар аст, гуфт Спрудс.
Вазири дифои Латвия низ изҳор дошт, ки бояд дар кишвар муҳокимаи ҷамъиятӣ баргузор шавад.
"Ин танҳо масъалаи эътилоф нест, ин масъалаи ҳизбҳои сиёсӣ, парлумон ва дар маҷмӯъ ҷомеа аст", - афзуд Спрудс.
Бино ба таъкиди вазир, барои таъмини сифати мудофиаи миллии кишвар ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷ ба сарбозони эҳтиётӣ бояд омодагӣ дида шавад. Инчунин, таҷҳизоти мувофиқ, аз ҷумла, либос, силоҳ ва таҷҳизот барои занон омода кардан лозим аст, илова кард вазир.