Бар асари тӯфони "Шаншан", ки субҳи имрӯз ба ҷазираи Кюсю, воқеъ дар ҷанубу ғарби Ҷопон расид, дастикам се нафар ба ҳалокат расиданд ва як нафар бедарак шудааст.
Дар ин бора саркотиби Девони Вазирони Ҷопон Ёсимаса Хаяси дар нишасти матбуотӣ дар Токио хабар дод.
“Мо дар бораи ба ҳалокат расидани се нафар ва бедарак гардидани як нафар маълумот дорем”, гуфт ӯ. Бино ба гузориши шабакаи телевизионии NHK, шумори захмиён аз 16 ба 40 нафар расидааст.
Ба гуфтаи Хаяси, тақрибан дар 237 000 хонавода, асосан дар Кюсю, қатъи нерeи барқ мушоҳида шудааст. 87 қитъаи экспресс дар Кюсю баста, ҳаракати поездҳои тезгарди «Синкансэн» боздошта шудааст. Дар ду рӯзи охир дар Ҷопон беш аз 700 парвоз бекор гардидааст.
Акнун «Шаншан» аз ҳудуди музофоти Кагосима оҳиста-оҳиста ба самти шимол ҳаракат мекунад. Дар минтақае, ки тӯфон рух додааст, суръати шамол ба 50-70 метр дар як сония расидааст, хабар медиҳад tass.ru.