Рӯзе ҷонварони бешазор ҷамъ омада, хостанд мактаб кушоянд.
Маҷлиси машваратӣ барпо намуданд, ки харгӯш, боз, санҷоб, моҳӣ ва мормоҳӣ иштирокдорони он буданд.
Харгӯш талаб кард, ки ба ҷадвали дарс давидан дароварда шавад.
Боз ба ҷадвали дарс париданро, моҳӣ шиновариро ва санҷоб бошад, ҷаҳидан ба дарахтро талаб кард.
Аз рӯйи гуфтаҳои онҳо амал карда, ҷадвали дарс сохта шуд. Мувофиқи дархости онҳо бояд ҳамаи ҷонварон фанҳои номбаршударо меомӯхтанд.
Гарчанде харгӯш аз давидан баҳои «5» мегирифт, ҳангоми хазида фаромадан аз дарахт азоб мекашид. Ӯ доимо бо тахтапушт ба замин меафтид. Баъди дидани осеби сар давида натавонист.
Сонитар ба ҷойи «5» аз давидан баҳои «3» мегирифтагӣ шуд, аз ҷаҳидан ба дарахт бошад, баҳои «1».
Боз гарчанде хуб мепарид, вале аз ӯҳдаи бо нӯл заминро чуқур кофтан намебаромад. Доимо нӯл ва қаноти худро мешикаст. Барои ҳамин ҳам аз паридан баҳои «5 », аз чуқуркобӣ азоби ҷисмонӣ кашида, баҳои «1» мегирифт.
Бинобарин аз ҷиҳати дарсазхудкунӣ ҷойи якумро дар синф мормоҳӣ, ки ҳамаи корҳоро нисбӣ иҷро мекард, мегирифт.
Маҷлиси муассисон хурсанд буд, ки ҳар як ҷонвар дар алоҳидагӣ фанҳоро азхуд мекунад ва «таълими миёнаи дониш» барқарор шуд.
Аз забони русӣ тарҷумаи
Нарзипӯлод САИДОВА.