ё худ оё ҳамаи омӯзгорон ба соли нави хониш омодаанд?
Соли нави хониш оғоз меёбад. Кӯдакону наврасон бо сад умеду орзуи донишомӯзӣ ба мактаб мераванд. Мехоҳанд савод бароранд, дониш омӯзанд ва роҳи дурахшони худро дар ҷомеа пайдо кунанд. Бешубҳа, дар ин ҷараён мавқеи омӯзгор беқиёс аст.
Суол пайдо мешавад: оё кулли омӯзгорон ба тарбия ва таълими насли наврас омодаанд? Оё аз техника ва технологияи нави соҳаи таълиму тарбия бархурдор мебошанд? Оё бо пешрафти ҷомеаи ҷаҳон ҳамнафасу ҳамқадам мебошанд? Ва оё-оёҳои дигар. Ва сад афсӯс, на ҳамаи омӯзгорон ба пешаи худ содиқ, балки ба он аз паси панҷа назар намуда, гуфтори «алиф, бе, се – Абдумаориф пулама те» ба шиори ботинии онҳо мубаддал гардидааст.
Унвони мақоларо хонда ба солҳои нимаи аввали садаи XX сафари андешавӣ накунед. Ин ҷо сухан дигар аз ташкили курсҳои маҳви бесаводӣ дар солҳои 20-уму 40-уми асри гузашта намеравад. Зеро вазъи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии он давраву имрӯзро наметавон қиёс кард. Ҳоло барои саводнок шудани ҷомеа имкониятҳо фароҳаманд, аммо гап сари китобхонӣ ва аз он дур мондани мардум, ба вижа, омӯзгорон меравад.
Аксар омӯзгорон имрӯз китоб, рӯзномаву маҷалла намехонанд. Бо як телефони мобилӣ ба мактаб мераванд. Аз имкониятҳои фароҳамовардаи сарвари давлат бо хости худ истифода мебаранд. Омӯзгор бояд ҳамеша дар омӯзиш бошад. Вақте ки ӯ китобу рӯзномаву маҷалла намехонад, чӣ тавр дониш ва маҳорати омӯзгории худро такмил медиҳад?! Афлотун огоҳ карда буд, ки «Китоб хонед! Агар ҷомеа шикасти ахлоқӣ хӯрад, ба ҳеч неруе наметавон ҷуброни зарари он кард». Агар китобу рӯзнома ва маҷалла нахонем, олами маънавии худро бо кадом роҳ сайқал медиҳем?
Аз гаҳвора то ба гӯр илм биомӯз. Агар нахонем, наомӯзем аз куҷо фаҳмиш пайдо мешавад, албатта, намешавад. Дар ҳақиқат, имрӯз баъзе омӯзгорон кам китоб мехонанд ва ё умуман намехонанд. Ҳатто китобҳои дарсиро намехонанд. Ба дарси яксоата омодагӣ намебинанд. Боре ба мактабе рафтам. Шоҳиди воқеаи дилгиркунанда гардидам. Барои даромадан ба дарси аввал 3 дақиқа вақт монда буд.Ҷонишини директор оиди корҳои таълим аз чаҳор нафар омӯзгор мавзӯи дарси аввалро пурсид. Ва омӯзгорон хомӯш буданд. Нафаре ба суол ҷавоб надод. Ошкор шуд, ки омӯзгорон ба дарс омода нестанд. Дар мактаб ва ё хона ба дарс тайёрӣ надидаанд.
Манъ кардани конспектнависӣ ва ё ихтиёрӣ обуна шудан, ки аз ҷониби давлат роҳандозӣ шудааст, маънои онро надорад, ки ба дарс беомодагӣ биёӣ ва китобу рӯзнома нахонӣ. Набояд фаромӯш кард, «омӯзгор то он даме, ки зиндааст, меомӯзад. Чун аз омӯзиш бозмонд, симои муаллимии худро гум мекунад». Ин ҳо-латро дар бисёр муассисаҳои таълимии томактабӣ ва мактабҳои ҳамагонӣ дучор омадан мумкин аст.
Мо Ӯзбекистони Навро бунёд мекунем ва ба Эҳёи савум асос мегузорем. Бояд насли наврасро дар ҳамин рӯҳия таълиму тарбия дод. Магар бе дониши кофию дарки рушду равнақи замон метавон мақсадҳои наҷибу волои бунёдкориро дар амал татбиқ намуд? Ҳаргиз не!
Пешрафти истеҳсолот, таъмини зиндагии фаровон аз омӯзиш ва дарки инсон вобаста аст. Илм омӯхтан ба инсон оромиш мебахшад, баъзе чизҳоро ба худ мегирӣ ба монанди фаҳмиш, оромиши қалб, меҳру муҳаббат ва дурандеш будан ва ин ҳамаро омӯзгор метавонад дар қалби шогирд бипарварад. Ҷавонони мо бояд соҳибилму бомаърифат ба воя расанд. Донишу илм инсонҳоро ба қуллаҳои бахту саодат мерасонад.Фақат илму дониш инсониятро аз ҷаҳолат берун меорад. Илму маърифат чароғи ақл аст.
Ба қавли доктори улуми фалсафа, профессор Ҳақназар Қурбонмамадов дар натиҷаи пайдо шудани технологияи иттилоотӣ, васеъ паҳн шудани технологияи рақамӣ, гаҷетҳо, ширкатҳои байналмилалӣ ба мисли Google, YouTube, Facebook ва ғайра насли наврас аз доираи тарбияи анъанавӣ рӯз то рӯз берун мебароянд.Оила ва давлат, ки дар гузашта дар тарбия ва таълими насли нав фаъол буданд, акнун риштаи таълим ва тарбияро қариб аз даст медиҳанд.
Сохторҳои давлатие, ки дар тарбияи насли наврас масъуланд, акнун ба ширкатҳои байналмилалии молӣ дар ин ҷода рақобат карда наметавонанд. Сухани муаллим, ки дар гузашта муқаддас ҳисоб меёфт, дар мактабҳои кунунӣ арзиши маънавии худро аз даст додааст.
Ин ҷараён ба тарбияи маънавии наврасон бетаъсир намонд. Шогирди имрӯз танҳо ба дарёфти маълумоти олӣ нигарон аст. Ҳам дар мактаб ва ҳам дар назди репетитор танҳо фанҳои таълимии ба донишгоҳ дохилшавиро мехонанду меомӯзанд. Тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ, ташаккули ҷаҳонбиниву ҳиссиёти хештаншиносӣ ва эҳсосоти худогоҳӣ дар канор мондааст. Вазифаи таълимгоҳҳо тарбияи инсони комил аст. Фаромӯш кардаем, ки маънавияти воло неруи мағлубнопазир аст. Беҳуда нафармудаанд, ки олим шудан осон аст, вале одам шудан мушкил. Ин аст, ки имрӯз аз коҳидани меҳру оқибат, одаму одамгарӣ мегӯянду меноланд. Ҳатто писар падарро гӯш надиҳад. Ҳамин рукуди маънавиёт аст, ки имрӯз бисёр ҷавонон, ҳатто ҷавонони дорои маълумоти олӣ ба ҷараёнҳои иртиҷоӣ пайвастаанд ва мепайванданд.
Омӯзгор намунаи ибрат аст. Шогирди мактабӣ ба рафтору гуфтор, ки дар он маънавияти омӯзгор ниҳон аст, пайравӣ мекунад, тақлид менамояд.
Толибилми мактабӣ бисёр зирак аст. Зуд фаҳм мекунад, ки омӯзгор ба самаранок гузаронидани дарс омода аст ё на. Толибилм мебинад, омӯзгор ба дарс танҳо бо як телефони мобилӣ ворид мешавад. Бо худ на китоб дораду на дафтаре. Толибилм зуд эҳсос мекунад, омӯзгор китоб нахонда, бе омодагӣ ба дарс омадааст.
Замоне омӯзгор дафтари худомӯзӣ дошт. Дар он дафтар китобу рӯзномаҳои хондааш бо мазмуни мухтасари осори мутолиагардида зикр меёфт. Барои сабукӣ овардан ба омӯзгор ин амали нек низ ба фаромӯшхонаи таърих ворид гардид.
Боре бо яке аз кормандони баландпояи низоми таълими ҷумҳурӣ суҳбате доштам. Сухан аз боби навиштани конспект барои дарси яксоата ҷараён дошт. Гуфтам, ки конспекти мухтасари мавзӯъ зарур аст. Варна омӯзгор ҳамон китоби таълимиро ҳам намехонад. Бо ҳамон телефони мобилӣ ба мактаб меравад, мавзӯи дарсро аз телефон муайян намуда, дар ҷойи зарурӣ қайд мекунад.
Иштибоҳи дувум, ки баъзан омӯзгорон содир мекунанд, онҳо ба усулҳои масъалагузорӣ дар дарс бефарқ назар мекунанд, толибилмро ба андешаронии мустақил водор намекунанд. Карл Ҳилтии файласуф хуб гуфтааст: «Савод аз тариқи хондан ба даст намеояд, балки бар асари андешидани он чӣ мутолиа кардаем, хулоса мешавад».
Чун бо омӯзгорон суҳбат ороем, мегӯянд, ки аз шабакаҳо васеъ истифода, китобу маводи заруриро он ҷо мутолиа мекунем. Бале, аз шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр чизҳоро пайдо кардан мумкин аст. Вале «аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мекунем» гуфтани баъзе омӯзгорон шубҳаовар аст. Аксар омӯзгорони мактабҳои тоҷикии ноҳияи Нураторо бо номи хонаводагиашон мешиносам. Дар шабакаи иҷтимоӣ зиёданд саҳифаи гурӯҳҳо ба забони тоҷикӣ. Аҷибаш он аст, ки ҳар нафаре ба ин саҳифаҳо ворид гардад, ном ва номи хонаводагии ӯ он ҷо сабт меёбад. Дар ин раванд омӯзгорони мактаби рақами 43-юми ноҳия фаъол буда, қариб ки аз омӯзгорони дигар мактабҳои тоҷикӣ нишоне нест. Ин ҷо мо худро фиреб медиҳем, ё дигаронро, ин ба виҷдони ҳар як омӯзгор ҳавола. Вале набояд фаромӯш кард, фарзанди мардум бо умед ба мактаб мераванд.
Тарбиятгар бояд худашро то охири умр тарбия намояд, дониш омӯзад ва шогирдонро тарбияву дониш омӯзонад. Дониш ганҷест, ки бо ранҷ ба даст ояд. Омӯзгор бояд биомӯзад то биомӯзонад, бисӯзад то бисозад.
Ҷавонони мо бояд баробари дониш гирифтан мазмун ва моҳияти истиқлоли давлатӣ, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллиро аз худ намоянд. Дар ин раванд ба омӯзгорон комёбиҳо орзу менамоем.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.