Дар бораи ба Ш. Нориева додани унвони ифтихории «Соҳибкори шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон»
Барои бо муваффақият татбиқ сохтани лоиҳаҳои зиёд, равшан намоиш додани сифатҳои ватандӯстӣ, тадбиркорӣ ва ташаббускории худ бобати ба сатҳи баланд бардоштани ҳаракати соҳибкорӣ дар мамлакат, зуҳуроти фаъолнокӣ дар рушди боғдорӣ, тухмипарварӣ ва гулпарварӣ дар пояи таҷрибаи пешқадам ва усулҳои инноватсионӣ, васеъ тарғибу ташвиқ намудани пешрафти хоҷагии наздиҳавлигӣ дар ҳудуд, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, баланд кардани даромад ва некӯҳолии аҳолӣ, ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, кори ибратбахш дар роҳи тарбияи ҷавонон барои меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ ва дар рӯҳи муҳаббату садоқат ба Ватан ба роҳбари клестери «Гулчи опа томарқа хизмати»-и ноҳияи Шароф Рашидови вилояти Ҷиззах Нориева Шарофат Эргашевна унвони ифтихории «Соҳибкори шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев
Шаҳри Тошканд,
31 августи соли 2024.