Ба шаҳрванде, ки дарахти сафедорро бурид, 8,5 миллион сӯм ҷарима таъин гардид

Ба шаҳрванде, ки дар ноҳияи Пахтачии вилояти Самарқанд дарахти сафедорро бурид, ба маблағи 8,5 миллион сӯм ҷарима таъин гардид.

Дар ин бора Садорати экологияи вилоят хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши рейдӣ дар ҳудуди ноҳияи Пахтачӣ аён гардид, ки дар ҳудуди маҳаллаи Тинчлик аз ҷониби сокини маҳалла М.Р дарахти сафедоре худсарона бурида шудааст.

Вобаста ба ин вазъ аз ҷониби инспекторони давлатӣ нисбати ҳуқуқвайронкун тибқи қисми 1 моддаи 79 Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба андозаи 25 миқдори ҳисоби базавӣ ҷарима таъин карда шуд.

Инчунин, барои зараре, ки ба олами наботот расонидааст, 680 ҳазор сӯм ҳисоб карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: