Таҳти ҳамкории Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва Агентии федералии шуғли Олмон дар Ӯзбекистон роҳандозии лоиҳаҳои омӯзиши забони олмонӣ дар назар аст.
Дар ин бора Оҷонсии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ хабар додааст.
Мувофиқи маълумот, мутахассисони соҳибихтисос (шаҳрвандони 20-40 сола, ки на камтар аз 1 сол собиқаи корӣ дар соҳаи ҳунармандиву сохтмон ва дипломи дусола доранд) ва ҷавонони бидуни диплом (шаҳрвандони 18-30 сола аз тариқи системаи Аусбилдунг дар Олмон дар соҳаи ҳунармандиву сохтмон таълими касбӣ мегиранд) дар лоиҳа иштирок мекунанд, забони немисиро меомӯзанд.
Дар моҳҳои сентябр ва октябри соли ҷорӣ татбиқ намудани лоиҳа дар назар аст.
"Шаҳрвандони мӯҳтарам, барои ширкат дар озмунҳое, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаҳо баргузор мешаванд, омодагӣ бинед", - омадааст дар хабар.