Шерзод Намозов соҳиби медали тилло шуд

Дар Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ, ки дар Париж идома дорад, Шерзод Намозов рақиби гурҷии худро мағлуб карда, медали тилло ба даст овард.

Ҳамватани мо, ки дар вазни -60 кг дар дараҷаи J2 ширкат дошт, дар даври ниҳоӣ бар Зураб Зурабян аз Гурҷистон пирӯз шуд ва медали тилло гирифт.

Ин дуюмин медали тилло дар карераи ӯ мебошад.

Ҳамин тариқ, шумораи умумии медалҳои ҳайати мо ба 16 адад (7 медали тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) расид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: