Мардуми саодатманду хушҳоли мо имрӯзҳо ҷашни пуршукӯҳу фархунда ва беназири Истиқлолро таҳти ғояи асосии 33-солагии Истиқлолияти Ӯзбекистон «Танҳо бо ваҳдат – мо халқи ягона, танҳо якҷо – мо кишвари муҳтадир!» ба таври тантанавӣ пешвоз гирифтанд.
Дар ҳамин маврид васфи Ватани ҷоноҷону дастовардҳои назарраси онро хотиррасон намудан бароямон корест пурсавоб ва вазифаи муқаддасу пурифтихори ҳар яки мост.
Ёдрас намудан бамаврид аст, ки пас аз соҳибистиқлолиро ба даст овардан дар кишвари Ӯзбекистон корҳои шоиставу оламшумул рӯйи кор омаданд. Бо шарофати истиқлолият арзишҳои миллӣ барқарор гардид. Эҳтирому нигаҳдошт ва барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ худ нишонаи гуфтаҳои боло мебошанд. Яъне, шурӯъ аз солҳои нахусти истиқлол дар ватани паҳновари мо ба қадриятҳои миллӣ эътибори хоса дода шуд, ки имрӯзҳо он ёдгориҳои таърихӣ ба ҳамаи ҷаҳониён аз Ӯзбекистони соҳибистиқлол ва рӯ ба рушдниҳода гувоҳӣ медиҳанд.
Баъдан ёдрас менамоем, ки баҳри рушди иқтисодиёт корҳои азиму таърихӣ низ ба миён омад. Кушодашавии садҳо корхонаҳои иқтидорашон баланд, ҳамкорӣ бо ширкатҳои сернуфузи хориҷӣ, ҷалб намудани сармоядорони хориҷӣ, ободу зебо ривоҷ ёфтани кишвари офтобрӯяамон ба он оварда расонид, ки рушди иқтисодиёт зина ба зина боло рафт ва имрӯзҳо низ дар арсаи ҷаҳон чун як кишвари тинҷу осоишта ва дорои имкониятҳои баланд вирди забон буда, ҳатто дар миқёси дунё бо роҳи пешгирифтааш ҷойҳои намунавию арзандаро ишғол менамояд.
Албатта, дӯст доштани Ватан аз оила, маҳаллу гузар ва манзили истиқомативу зодгоҳи кас шурӯъ мегардад. Аз ин сабаб дар баробари ифтихор ва содиқ будан ба диёри ҷоноҷон бояд ҳар нафар баҳри ободиву бунёдкориҳои ин Ватан ҳиссаи босазои худро гузорад. Яъне, бетарафиро нася гузошта, бояд то ҷон дар рамақ дорад, ҳаракат намояд, ки бо як хислати ибратбахш, бо як амали шоиста, бо як кори пурхайру савобаш баҳри Ӯзбекистони навин саҳми арзандаи хешро бигузорад. Зеро худ аз худ маълум аст, ки Ватан мову шуморо дар канор гирифт, бо ноз парварид ва баҳри дар ҳаёт қадамҳои устувор гузоштан кулли дари имкониятҳоро боз намуд.
Ба ҷои хулоса гуфтанием, ки Ватан такягоҳи пурқувват, маъвои беҳтарин ва манзили ободу озоди ҳар яки мост. Ҳар шаҳрванди он бояд фахри бепоён дошта бошад, ки дар чунин Ватане умргузаронӣ менамояд, ки саропо аз гулу райҳон иборат буда, мардумонаш саховатманду хайрхоҳ, меҳмоннавозу инсонпарвар ва софдилу поквиҷдон мебошанд. Бар замми ин кишвари мо дорои неъматҳои фаровон буда, ҳар зарраи хоки зархези он файзу баракаи беканоре дорад. Аз ин рӯ, биёед, баҳри ободиву бунёдкориҳои аз ин ҳам азимтар камари ҳиммат бубандем ва аз ҳама муҳимаш доиман дар рагу шарёни мо меҳри Ватани ҷоноҷон ҷӯш занад ва ҳисси ватандориамон рӯз аз рӯз бештару беҳтар афзун гардад.
Солеҳ РАҶАБОВ,
ноҳияи Сариосиё.
Вилояти Сурхондарё.